Имрӯз дастаи “Истиқлол” бо “Ан – Наср” бозӣ мекунад

Имшаб, 2-уми октябр, дар шаҳри Ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиёи-2023/24 дар гурӯҳи “Е” байни дастаҳои “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон баргузор мешавад. Бозӣ соати 23:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и АрРиёз доир мегардад. Дар рӯйхати эжҳтимолии бозигароне, ки ба ин бозӣ даъват шудаанд номи Криштиану […]

Маҳина Маҳмудова, махсус барои Asia-Plus

Имшаб, 2-уми октябр, дар шаҳри Ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиёи-2023/24 дар гурӯҳи “Е” байни дастаҳои “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бозӣ соати 23:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и АрРиёз доир мегардад.

Дар рӯйхати эжҳтимолии бозигароне, ки ба ин бозӣ даъват шудаанд номи Криштиану Роналдо, ситораи футболи ҷаҳон ва узви тими Португалия низ зикр мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки 19-уми сентябри бозии даври аввали марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионхои Осиёи-2023/24 байни дастаи футболи “ Истиқлол” –и шаҳри Душанбе ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ки бо натиҷаи мусовии 0:0 ба анҷом расид.

Айни ҳол, дар гуруҳи “Е” дастаи “Ан-Наср” бо касби 3 имтиёз садрнишин аст. Дастаҳои “Ад-Дувайл” ва “Истиқлол” бо 1 имтиёзӣ мақомҳои дуюму сеюмро ишғол кардаанд. Дастаи “Персеполс”-и Эрон бошад бидуни имтиёз дар мақоми охирин ҷой гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст