Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “Е” тими Фаластинро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт. Дар ҳайати тими Тоҷикистон голҳоро Файзалӣ Сардоров, Баҳодур Хоҷаев, Самандар Ризомов ва Муҳаммадҷон Шарипов ба самар расонданд. Ду голи дигарро бозигарони Фаластин ба дарвозаи худ заданд. Дар […]

Asia-Plus

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “Е” тими Фаластинро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт.

Дар ҳайати тими Тоҷикистон голҳоро Файзалӣ Сардоров, Баҳодур Хоҷаев, Самандар Ризомов ва Муҳаммадҷон Шарипов ба самар расонданд. Ду голи дигарро бозигарони Фаластин ба дарвозаи худ заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ тими Мянмар ба тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод.

Дар даври аввал бошад, тими Тоҷикистон тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 6:3 шикаст дода буд. Мянмар бошад бар тими Фаластин бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ҳамин тавр Тоҷикистон пеш аз даври охир бо касби 6 хол роҳхати Ҷоми Осиё-2024-ро соҳиб шуданд.

Дар даври сеюм тими Тоҷикистон бо Мянмар ва Ҳиндустон бо Фаластин бозӣ хоҳанд кард. Бозиҳо рӯзи 11-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо ширкати чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон – ҷараён дорад.

Бояд гуфт, ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин ҳафт дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024, ки аз 15-ум то 26-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио