Тоҷикистон ба Бозиҳои IV Параосиёӣ киҳоро фиристод?

Date:

Дар Бозиҳои IV Параосиёӣ, ки рӯзи 22 октябр дар Ханчжоу оғоз гардиданд, Тоҷикистонро 9 нафар намояндагӣ мекунанд.

Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаҳо оид ба 7 навъи варзиш иштирок мекунанд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон дар ин Бозиҳо иборат аст аз: Бахтиёр Донаёров, Фарзона Ғуломова (пауэрлифтинг), Шоҳрух Назаров (ҷудо), Шабнам Меканбоева (бадминтон), Екатерина Ишенко (тенниси рӯимиз), Ҳамроқул Эркабоев, Суҳроб Ҳамдамов (шоҳмот), Муҳаммадмаҳмуд Раҳматов (варзиши сабук), Сиёвуш Илёсов (велоспорт).

Дар ин мусобиқа зиёда аз 4 ҳазор нафар варзишгарон аз 43 давлати қораи Осиё ширкат меварзанд. Онҳо барои дарёфти 564 маҷмӯи медалҳо дар 22 навъи варзиш, 490-тои он дар навъҳои паралимпӣ ва 74 – дар навъи ғайрипараолимпии мусобиқа рақобат мекунанд.

То имрӯз аллакай намояндагони 24 кишвар ба дарёфти медалҳои мусобиқа ноил гардиданд.

Дар ҷадвали медалҳо Чин бо касби 115 медал, аз ҷумла 44 тилло пешсаф буда, намояндагони Эрон – 29 ва Ӯзбекистон – 27 медал ба даст овардааанд ва дар зинаҳои дуюму сеюм дар ҳисоби умумидаставӣ қарор доранд.

Намояндагони Тоҷикистон ҳоло медал ба даст наовардаанд.

Мусобиқаҳои мазкур то 28 октябр идома меёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...