Густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо IBA

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи рӯзи 26 октябр президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро ба ҳузур пазируфта, зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат доир ба мавқеи бокс дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди ин навъи варзиш дар давлати мо табодули афкор анҷом дода шуд.

“Сарвари давлат иштироки фаъолонаи боксчиёни тоҷикро дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид намуда, натиҷаҳои баланди онҳоро дар солҳои охир зикр кард”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, Пешвои миллат дастовардҳои боксчиёни тоҷик дар Бозиҳои осиёиро дар   шаҳри Ханжоуи Чин, ки дар онҳо боксчиёни мо як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд, таъкид намуд.

Ҳамчунин ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Федератсияи бокси Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи ин намуди варзиш андешида мешаванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин ба ҳамкории минбаъдаи судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс изҳори умед карданд.

Ёдрас мекунем, ки Умар Кремлёв зодаи Ҳисор буда, оилааш аз деҳаи Гулхонаи ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ дар дараи Алмосӣ мебошад. Имсол дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ӯ бо хоҳиши падараш ба зодгоҳаш омада, ваъда дод, ки дараро обод намуда, роҳро таъмиру навсозӣ мекунад, ҳамчунин маҷмааи бузурги савдо сохта, мактаби омӯзиши бокс боз мекунад.

Умар Кремлёв аз 12 декабри соли 2020 ба ҳайси президенти Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (AIBA) кор мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...