Дар Роштқалъа паланги барфӣ 14 сар чорворо нобуд кардааст. Тавсияҳои КҲФ дар сурати ҳамлаи паланг

Паланги барфӣ дар ноҳия Роштқалъа ба оғили як сокини деҳаи Намадроҷ ҳамла карда, 14 сар чорвои хонагии ӯро куштааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад. Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 5-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 07:46 рух дода, озодпаланг 14 сар моли майда аз ҷумла, 9 сар буз ва 5 сар […]

Asia-Plus

Паланги барфӣ дар ноҳия Роштқалъа ба оғили як сокини деҳаи Намадроҷ ҳамла карда, 14 сар чорвои хонагии ӯро куштааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 5-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 07:46 рух дода, озодпаланг 14 сар моли майда аз ҷумла, 9 сар буз ва 5 сар гусфандро кушта, 1 сар гусоларо захмӣ кардааст.

“Озодапаланг аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят аз дохили оғилхонаи шаҳрванди мазкур дастгир карда шуда, ба ноҳияи Мурғоб интиқол дода шуд”, – хабар додааст ин ниҳод.   

КҲФ дар идома дар бораи ин ҳайвони ваҳшӣ иттилоъ дода, зикр кардаст, ки он аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд аст, ки дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё зиндагонӣ мекунад. Дар кулли кишварҳое, ки ин паланг ҳаёт ба сар мебаранд, аз ҷумла дар Тоҷикистон чун ҳайвони дар ҳоли нобудиву инқироз ба Китоби Сурх шомил карда шудааст.

Ин ниҳод бо такя ба донишмандон навиштаст, ки шояд ҳамагӣ 10 ҳазор паланги барфии болиғ дар саросари олам боқӣ монда бошад. Аксари ин гунаи ҳайвон ба сабабҳои шикор ва нобудии маҳалли зисташон ва танг шудани майдони будубошашон ба нобудӣ расидаанд.

“Ин ҳайвон дар гузашта ба гурӯҳи махсус бо номи uncia табақабандӣ мешуд, аммо баъдан бар пояи пажӯҳишҳои физиологӣ ба гурӯҳи палангсонҳо ворид намуданд”,-гуфтааст КҲФ.

Палангҳои барфӣ аз дигар намуди ҳайвонҳои палангмонанд ба ҷусса хурдтаранд. Пӯсти онҳо сафед, зард ва моил ба хокистарӣ аст ва ин ҷонварон дорои холҳои тираранги рӯи пӯст ва ду тарафи бадани худ ҳастанд. Шиками ин ҷонварон сафед аст ва чашмонашон сабзи камранг ё хокистарист, мӯҳои бадани ин ҷонвар сахту анбӯҳ аст ва дар нуқоти мухталифи бадан байни 5 то 12 сантиметр тӯл дорад.

Дарозии бадани паланги барфӣ аз сар то дум 75 то 150 сантиметр ва тӯли думи он 80 то 105 сантимерт аст. Тӯли дандонҳои неши ин ҷонвар 28 миллиметр ва вазни он 25 то 55 килограм аст.

Вижагии дигари паланги барфӣ ҷойи будубоши он аст, ки дар минтақаҳои сарду пурбарф ва мавзеъҳои баланд ҳаёт ба сар мебарад.

Дар гузашта ҳам аз ҳамлаи паланги барфӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Бадахшон хабарҳо паҳн шуда буданд.

КҲФ ҷиҳати ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ба таваҷҷӯҳи сокинони деҳоти муқими ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:

– чорвочаронӣ бояд танҳо рӯзона, вақте ҳаво рӯшан аст, мумкин мебошад ва он ҳам бо чӯпон, ки бо худ ашёи тарсонандаи ҳайвоноти ваҳширо дорад. Шабона ҳавонот бояд дар маконҳои амн нигаҳдорӣ шаванд;

– фермаҳо ва молхонаҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ берун аз қаламрави деҳа сохта шудаанд, бояд гирдогирд бо тур печонида шуда бошанд ва ё атрофашон девор гиронда шуда бошанд ва баландии ин девор на камтар аз 2,5 метр бошад. Девор бояд ҳайвонҳоро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошгоҳҳои тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст — онҳо бояд бо деворҳо мустаҳкам карда, шабона посбонй карда шаванд. Истифодаи усулҳои тарсонданн паланги барфй ба мақсад мувофиқ аст;

– ҳама ҷасади ҳайвонҳое, ки мавриди ҳамлаи паланги барфӣ ё ҳар ҷонвари дарандаи дигар қарор гирифтаанд, бояд сӯзонида нобуд карда шаванд;

– дар кулбаи шикорчӣ, бошгоҳҳои тобистона ва оғилхонаҳо сагҳо бояд ҳатман бошанд, вале онҳо бояд аз ҳамлаи паланги барфӣ ҳифз карда шаванд. Аз ин рӯ, барои саг паногоҳи вижа бояд сохт, масалан зери хонаву молхона ягон вурудгоҳи хеле танге, ки ба ҷуз саг ҳайвони дигар натавонад вориди он шавад.

Ғайр аз ин бояд қаламрави хонаҳои шахсӣ дар маҳалҳои буду боши паланги барфӣ, бахусус дар канори деҳаҳо бо тур ва ё деворҳои баландиашон на камтар аз 2,5 метр ҳифозат карда шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.