“Истиқлол” бозиро бо “Персеполис” мусовӣ кард. Имкони баромад аз гуруҳ ҳоло ҳам ҳаст

Бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар гуруҳи “Е” миёни бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Персеполис” (Эрон) бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Бозии мазкур дирӯз, 7-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуд. Футболбозони дастаи “Персеполис”-и Эрон бозиро хуб оғоз карданд ва дар дақиқаи 30-юм ба шарофати голи Маҳдии Торобӣ пешсаф шуданд. Дар […]

Бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар гуруҳи “Е” миёни бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Персеполис” (Эрон) бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Бозии мазкур дирӯз, 7-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуд.

Футболбозони дастаи “Персеполис”-и Эрон бозиро хуб оғоз карданд ва дар дақиқаи 30-юм ба шарофати голи Маҳдии Торобӣ пешсаф шуданд.

Дар нимаи дуюми бозӣ “Истиқлол” идораи бозиро ба даст гирифт ва дар дақиқаи 74-ум легионери ивуарии даста Сенин Себай ҳисобро баробар кард.

Баъди ин соҳибони майдон барои ғалаба ҳанӯз имконият доштанд, вале дарвозабони меҳмонон бозии хуб нишон дод. Зимнан, маҳз ӯ беҳтарин бозигари вохӯрӣ гардид.

Баъди ин бозӣ “Истиқлол” бо ду имтиёз дар ҷои сеюм аст.

Пешсафони гурӯҳ “Ан-Наср” дар меҳмонӣ бар “Ад-Дуҳайл” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Ҳамдастагони Криштиану Роналду дар 4 вохӯрӣ 12 имтиёз ба даст овардаанд.

Дар ҷои дуюм “Персеполис”, ки 7 имтиёз дорад ва дар зинаи охирин “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бо 1 имтиёз қарор доранд.

Имкони “Истиқлол” барои ба марҳилаи интихобӣ баромадан кам аст, барои ин душанбегиҳо бояд 27-уми ноябр дар меҳмонӣ бар “Ад-Дуҳайл” ва баъдан 7-уми декабр дар майдони худ бар “Ан-Наср” пирӯз шаванд.

Бале, ва Персеполис бояд ҳадди аққал яке аз ду бозии боқимондаро бозад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.