Тоҷикистонро дар Гранд Слами Токио-2023 10 варзишгар муаррифӣ мекунад

Date:

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи “World Judo Tour” – Гранд Слами Токио-2023 10 варзишгари тоҷик, аз ҷумла Комроншоҳ Устопириён дар вазни зери 90кг ва Сомон Муҳаммадбеков дар вазни -81 муаррифӣ менамояд. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа 2-3-юми декабр бо иштироки 500 варзишгари беш аз 84 давлат дар Токиои Япония баргузор мешавад.

Манбаъ гуфт, ба ғайр аз Комроншоҳ ва Сомон, ҳамчунин, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Суфиев дар вазни -60кг, Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов дар вазни -66кг, Беҳрӯз Хоҷазода, Абубакр Шеров дар вазни -73кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни -81кг, ва Эмомризо Анварзода дар вазни -100кг намояндагӣ менамоянд

Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...