Мақомоти Ӯзбекистон хуруҷи бемории сурхакон дар Намангонро тасдиқ карданд

Мақомоти пизишкии Ӯзбекистон афзоиши мубталоии кӯдаконро ба бемории сурхакон дар вилояти Намангони он кишвар тасдиқ карданд. Аз ибтидои сол дар он вилоят 735 ҳолати мубталоӣ сабт шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2022 дар тамоми Ӯзбекистон ҳамагӣ 8 ҳолат сабт шуда буд. Дар беморхонаҳои вилояти Намангон барои табобати кӯдакони мубтало ба сурхакон 340 кат муҳайё […]

Asia-Plus

Мақомоти пизишкии Ӯзбекистон афзоиши мубталоии кӯдаконро ба бемории сурхакон дар вилояти Намангони он кишвар тасдиқ карданд.

Аз ибтидои сол дар он вилоят 735 ҳолати мубталоӣ сабт шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2022 дар тамоми Ӯзбекистон ҳамагӣ 8 ҳолат сабт шуда буд.

Дар беморхонаҳои вилояти Намангон барои табобати кӯдакони мубтало ба сурхакон 340 кат муҳайё шудааст.

Айни замон дар маҷмӯъ дар беморхонаҳои Намангон 245 кӯдак аз сурхакон табобат мегиранд. Ин кӯдакон аз 1 то 3 сол доранд.

Бояд зикр кард, ки хуруҷи бемории сурхакон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳам мушоҳида шудааст.

Тавре Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии Тоҷикистон қаблан ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории сурхакон ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ алайҳи сирояти ин беморӣ эм карда шуданд ва дар ин маърака ҳудуди 3,5 миллион кӯдаки аз 6 моҳа то 15 сола фаро гирифта шуданд.

Ҷаъфаров афзуд, дар соли 2022 дар Тоҷикистон мавориди гирифторӣ ба бемории сурхакон мушоҳида шудааст. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, вазъ таҳти назорат аст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пештар хабар дода буд, ки мубталоӣ ба бемории сурхакон дар қиёс ба соли 2021 дар соли 2022 18 дарсад ва маргу мир аз ин беморӣ 40 дарсад афзуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.