Амир Исмоилхон: Минтақа бештар аз Афғонистон осеб хоҳад дид

Амир Муҳаммад Исмоилхон, яке аз чеҳраҳои шинохта ва матраҳи саҳнаи сиёсии Афғонистон дар чанд даҳсолаи охир, ки барои иштирок дар ҳамоиши “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар Душанбе қарор дорад, гуфт, ки қазияи имрӯзаи Афғонистон қазияи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст ва аз он натанҳо ин кишвар, балки тамоми минтақа метавонад осеб бинад. Ӯ, ки бо хабарнигорон суҳбат […]

Амир Муҳаммад Исмоилхон, яке аз чеҳраҳои шинохта ва матраҳи саҳнаи сиёсии Афғонистон дар чанд даҳсолаи охир, ки барои иштирок дар ҳамоиши “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар Душанбе қарор дорад, гуфт, ки қазияи имрӯзаи Афғонистон қазияи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст ва аз он натанҳо ин кишвар, балки тамоми минтақа метавонад осеб бинад.

Ӯ, ки бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ дар қазия Афғонистон шарик аст, чунки 20 соли гузашта НАТО, Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар Афғонистон ҳузури мустақим доштанд.

“Афғонистон як қурбонгоҳ шуд, ба хотири он ки минтақа намехост, ки Амрико дар Афғонистон ҳузур дошта бошад. Бо ин дидгоҳ минтақа бо Толибон* бо навъи нармиш рафтор мекард. Вақте ки Амрико рафт, феълан шароит комилан тағйир кардааст. Ҳоло хатарот бештар мутаваҷҷеҳи минтақа аст, на ҷомеаи ҷаҳонӣ.  Умедворем, ки минтақа мутаваҷҷеҳи асл (воқеиятҳо) бишавад. Танҳо Афғонистон қурбонӣ нест, яқин дорам, ки минтақа бештар аз мо осеб хоҳад дид”, – гуфт Амир Исмоилхон.

Ин чеҳраи ҷиҳодии Афғонистон афзуд, муққовиматгарони Афғонистон байни худ ҳеҷ навъ ихтилофе надоранд ва танҳо шароит ба онҳо мусоид нашудааст, ки даври ҳамдигар бошанд.

Вай нишастҳои минтақавие мисли “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот”-ро бесамар унвон кард ва гуфт, онҳо танҳо барои гуфтугӯ ва баёни андеша замина фароҳам месозанд.

“Ин ки ин нишастҳо дидгоҳҳо, мардум ва ҷаҳонро мутаваҷҷеҳ месозад, ки мардуми Афғонистон аз вазъият розӣ нест ва дар Афғонистон шадидан зулму истибдод аст, кори хуб аст. Вале онҳо натиҷабахш нестанд”, – гуфт Исмоилхон.

Ӯ дар масъалаи дахолати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи Афғонистон гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан хориҷи дур ба қазияи Афғонистон  на танҳо дахолат мекунанд, балки то ҳол дар Афғонистон вуҷуд доранд.

Амир Муҳаммад Исмоилхон, яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот, ки бо номи "Шери Ҳирот" ҳам машҳур аст, аз чеҳраҳои матраҳи сиёсати Афғонистон дар чанд даҳсолаи ахир аст. Ӯ ҳанӯз дар замони вуруди артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар, муқобили он ҷангидааст.

Баъди суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 Амир Исмоилхон барои муддате ба дасти Толибон* асир афтод ва баъди раҳоӣ ба Эрон рафт.

Ёдовар мешавем, ки нишасти 11-уми Гуфтугӯи амниятии Ҳирот рӯзҳои 27-28-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин нишаст якҷо бо Амир Исмоилхон ҳамчунин, намояндаи Созмони миллали муттаҳид (СММ), намояндагони Амрико, Покистон, Эрон, вакилони собиқи парлумони Афғонистон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи ин кишвар ҳузур доранд.

“Гуфтугӯи амниятии Ҳирот”-и имсола масоили гуногун ва мубрами Афғонистон, аз ҷумла гуфтугӯи миллӣ барои ташаккули демократия, баробарии ҷинсӣ, ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар, бозгашт ба исломи мутамаддин ва мардумӣ ва ҳамбастагӣ бо ҳамсояҳо мавриди муҳокима ва баҳс қарор дода мешавад.

Қаблан, гуфта мешуд, ки барои иштирок дар ин ҳамоиш ба намояндаи Толибон* гурӯҳе, ки имрӯз қудратро дар Афғонистон дар даст дорад, даъватнома фиристода шудааст, аммо онҳо дар ҳамоиш ширкат надоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.