Президент 4 додрасро аз вазифа озод кард. Яке барои паст задани шаъну эътибори додрас

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон як додрасро бинобар содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад, аз вазифа озод кард. Инчунин, 3 додраси дигар бинобар пурра шудани вақти дар вазифа буданашон аз кор озод гардиданд.

Дар ин робита имрӯз фармони президент содир шуд.

“Зайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад”, – омадааст дар фармони Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи манбаъ, инчунин Табарзода Изатулло аз вазифаи муовини додраси Додгоҳи вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрас будан аз кор озод карда шуд.

Илова бар ин, Юсуфзода Муҳаммадалӣ  ва Абдулғанизода Абдумонеъ, ду додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе бо сабаби дар боло зикршуда, аз вазифа озод шуданд.

То ҳол ба ҷои додрасҳои аз вазифа озодшуда, нафарони нав таъйин нашудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...