“Сомон Эйр” шумори парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Хуҷанд зиёд мекунад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумори парвозҳоро тариқи хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе зиёд мекунад. Ба ин тариқ, аз 16 декабр парвозҳо бо ин хатсайр ҳамарӯза анҷом дода мешаванд. Тавре ки хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад, ин иқдом бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба равуо дар ин самт рӯйи даст гирифта мешавад. Ин аввалин […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумори парвозҳоро тариқи хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе зиёд мекунад. Ба ин тариқ, аз 16 декабр парвозҳо бо ин хатсайр ҳамарӯза анҷом дода мешаванд.

Тавре ки хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад, ин иқдом бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба равуо дар ин самт рӯйи даст гирифта мешавад.

Ин аввалин таҷрибаи афзоиши шумори парвозҳо бо ин хатсайр дар мавсими зимистон нест. Ҳамасола дар ин мавсим ширкат шумори парвозҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд зиёд мекунад, то ки сокинони ин шаҳрҳо имкон дошта бошанд, ки саривақт ва бехатар ба нуқтаи таъинот бирасанд.

Ҳамаи парвозҳо аз пойтахт ба шаҳри Хуҷанд ва бозпас аз он ҷо бо ҳавопаймоҳои Боинг-737 иҷро карда мешаванд.

Барои шиносоӣ бо ҷадвали парвозҳо ва масоили харидории билетҳо дархост мекунем, ки бо телефонҳои зерин ба маркази хидматрасонии ширкат муроҷиат намоед: 44-640-40-49 ва 44-640-40-50.

Айни замон ширкати “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона парвозҳо анҷом медиҳад. Барои хидматрасонӣ ба мусофирон ширкат ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.