Дар соли нав дар Тоҷикистон тарифҳои неруи гармӣ ҳам зиёд мешаванд?

Date:

Портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон қарори ҳукумати Тоҷикистонро “Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ” нашр кард.

Тавре қаблан зикр гардида буд,тарифҳо ба неруи барқ аз соли нав барои ҳамаи 10 категорияи истеъмолгарон, аз ҷумла аҳолӣ 16% зиёд мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тарифҳои аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда ба неруи гармӣ дар соли нав бетағйир боқӣ мемонанд.

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе”, ки аҳолиро бо неруи гармӣ таъмин мекунанд, аз оғози соли нав мисли ҳозира барои ҳар 1 гигакалория (Гкал) 17 сомонӣ пардохт мекунанд. Аҳолӣ айни замон барои ҳар 1 метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил дар як моҳ ба ин муасиса 1,18 сомонӣ пардохт мекунад”.

Гармидиҳии мутамарказ барои ташкилотҳои буҷетӣ барои 1 Гкал неруи гармӣ дар сатҳи 98,67 сомонӣ ва боқимонда дигар истеъмолгарон – 113,47 сомонӣ боқӣ мемонад.

Тарифҳо ба неруи гармӣ дар Тоҷикистон бори охир 1 сентябри соли 2019 зиёд шуда буданд. Арзиши неруи гармӣ барои аҳолӣ он замон барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил аз 1,03 сомонӣ то ба 1,18 сомонӣ боло рафта буд.

Дар Тоҷикистон интиқоли нерӯи гармӣ танҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ҳамин ҳол, ҳоло шаҳр пурра бо неруи гармӣ таъмин нест.

Мавсими гармидиҳӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз нимаи моҳи ноябр шурӯъ шуда, то нимаи моҳи марти соли оянда давом мекунад. Неруи гармӣ дар ду корхона – Маркази барқу гармидиҳи Душанбе” ва “МБГ Душанбе-2” истеҳсол карда мешавад.

Неруи барқ. Чӣ қадар пардохт мекунем ва минбаъд чӣ қадар мешавад?

Истеъмолгарони неруи барқ дар Тоҷикистон ба 10 категория бо тарифҳои гуногун тақсим шудаанд, аз ҷумла:

– барои аҳолӣ (бо назардошти ААИ) – 26,51 дирам (аз 1 январи соли 2024 – 30,75 дирам);

– барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 60,65 дирам (70,35 дирам);

– барои истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои коммуналӣ, иншооти варзишӣ – 26,51 дирам (30,75 дирам);

– барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1 апрел то 30 сентябр – 9,2 дирам (10,67дирам), аз 1 октябр то 31 март – 26,51 дирам (30,75 дирам);

– барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 9,2 дирам (10,67 дирам);

– барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1 май то 30 сентябр – 10,64 дирам (12,34 дирам), аз 1 октябр то 30 апрел – 60,65 дирам (70,35 дирам);

– барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва канализатсия (обу корез) – 12,6 дирам (14,62 дирам).

– барои ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” – 15,57 дирам (18,06 дирам);

– барои ҶСК «Азот» – 40 дирам (46,40 дирам);

– барои муассисаҳои таълимӣ, гимназияҳои шахсӣ ва литсейҳое, ки ба системаи ягонаи маорифи ҶТ шомиланд ва ба маблағгузории буҷетӣ мансуб намебошанд: боғчаҳои бачагона ва дигар муассисаҳои кӯдакона, ки ба сохтори Вазорати маориф ва илми ҶТ шомил нестанд ва аз буҷети сатҳҳои мухталиф маблағгузорӣ намешаванд – 45,51 дирам (52,79 дирам).

Дар замима ба тарифҳои тасдиқшуда зикр мегардад, ки дар сурати аз 10 ҳазор кВт/соат зиёд будани ҳисоби неруи барқи масрафшудаи моҳонаи истеъмолгарони маишӣ, барои ҳар 1 киловатти иловагӣ 70,35 дирам пардохт карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...