Муборизаи якҷояи Тоҷикистону Русия барои истифодаи нодурусти интернету алоқа

Date:

Тоҷикистону Русия бароои истифодаи нодурусти технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ (ТИК), мисли халалдор сохтани амният, тамомияти арзӣ, таблиғи терроризму эксртимизм, ҳамла ба объектҳои муҳими инфрасохтори иттилоотӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, барангехтани адоват байни миллатҳо ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар якҷоягӣ мубориза мебаранд.

Созишномаи ҳамкориро байни ду кишвар вакилони парлумони Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр тасвиб карданд.

Маҳмад Меликзода, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шарҳи созишнома  дар ҳузури вакилони парлумон гуфтааст, санади мазкур “ҳамкории мақомоти салоҳиятдори тарафҳоро дар самти ҳамоҳангсозии муқовимат ба таҳдидҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ, пешгирӣ, ошкор ва рафъи ҳодисаҳои компютерӣ, тафтиши ҷиноятҳо вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо мақсадҳои террористӣ, коркарду роҳандозии чораҳои зарурии муштараки мусоидаткунанда ба таъмини амнияти иттилоотӣ… ба танзим медарорад”.

Ӯ афзудааст, пешрафти ТИК дар баробари ҷанбаҳои мусбат омилҳои манфӣ ҳам дорад, ки яке аз онҳо ҷалби ҷавонон ба созмону ҷараёнҳои номатлуби ифротӣ тавассути интернет мебошад.

“Тибқи таҳлил ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, аксар ҷавонони кишвар, ки ба созмону ҷараёнҳои номатлуби ифротӣ шомил шудаанд, асосан тавассути шабакаи интернет ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд”, – гуфтааст муовини раиси КДАМ.

Ҳуснигул Одиназода, вакили парлумон бо дастгирӣ аз тасдиқи ин созишнома гуфтааст, ки созишнома “дар асоси эҳтироми мутақобила ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, ки ба расонидани зарар ба манфиати тарафи сеюм нигаронида нашудааст, дар доираи Қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №73/27 аз 5 – уми декабри соли 2018 ба имзо расидааст”.

Бояд гуфт, ки созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ рӯзи 19 -уми июни соли 2023 дар шаҳри Маскав ба имзо расида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...