Муборизаи якҷояи Тоҷикистону Русия барои истифодаи нодурусти интернету алоқа

Тоҷикистону Русия бароои истифодаи нодурусти технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ (ТИК), мисли халалдор сохтани амният, тамомияти арзӣ, таблиғи терроризму эксртимизм, ҳамла ба объектҳои муҳими инфрасохтори иттилоотӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, барангехтани адоват байни миллатҳо ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар якҷоягӣ мубориза мебаранд. Созишномаи ҳамкориро байни ду кишвар вакилони парлумони Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр тасвиб карданд. Маҳмад Меликзода, муовини […]

Тоҷикистону Русия бароои истифодаи нодурусти технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ (ТИК), мисли халалдор сохтани амният, тамомияти арзӣ, таблиғи терроризму эксртимизм, ҳамла ба объектҳои муҳими инфрасохтори иттилоотӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, барангехтани адоват байни миллатҳо ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар якҷоягӣ мубориза мебаранд.

Созишномаи ҳамкориро байни ду кишвар вакилони парлумони Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр тасвиб карданд.

Маҳмад Меликзода, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шарҳи созишнома  дар ҳузури вакилони парлумон гуфтааст, санади мазкур “ҳамкории мақомоти салоҳиятдори тарафҳоро дар самти ҳамоҳангсозии муқовимат ба таҳдидҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ, пешгирӣ, ошкор ва рафъи ҳодисаҳои компютерӣ, тафтиши ҷиноятҳо вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо мақсадҳои террористӣ, коркарду роҳандозии чораҳои зарурии муштараки мусоидаткунанда ба таъмини амнияти иттилоотӣ… ба танзим медарорад”.

Ӯ афзудааст, пешрафти ТИК дар баробари ҷанбаҳои мусбат омилҳои манфӣ ҳам дорад, ки яке аз онҳо ҷалби ҷавонон ба созмону ҷараёнҳои номатлуби ифротӣ тавассути интернет мебошад.

“Тибқи таҳлил ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, аксар ҷавонони кишвар, ки ба созмону ҷараёнҳои номатлуби ифротӣ шомил шудаанд, асосан тавассути шабакаи интернет ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд”, – гуфтааст муовини раиси КДАМ.

Ҳуснигул Одиназода, вакили парлумон бо дастгирӣ аз тасдиқи ин созишнома гуфтааст, ки созишнома “дар асоси эҳтироми мутақобила ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, ки ба расонидани зарар ба манфиати тарафи сеюм нигаронида нашудааст, дар доираи Қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №73/27 аз 5 – уми декабри соли 2018 ба имзо расидааст”.

Бояд гуфт, ки созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ рӯзи 19 -уми июни соли 2023 дар шаҳри Маскав ба имзо расида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.