Ҷудо: Темур Раҳимов зинаи аввалро нигоҳ дошта, Сомон Маҳмадбеков босуръат боло ҷаҳид

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) радабандии ҷаҳонии ҷудокоронро аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 нашр кард ва миёни 50 нафар беҳтаринҳо 8 намояндаи Тоҷикистон низ ҳузур доранд. Шаш нафари онҳо айни замон дар рӯйхати варзишгароне қарор доранд, ки меъёри интихоб (квалификатсия)-и олимпиро иҷро кардаанд. Агар дар радабандии ҷаҳонӣ онҳо то 23 июни соли 2024 мавқеашонро аз даст […]

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) радабандии ҷаҳонии ҷудокоронро аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 нашр кард ва миёни 50 нафар беҳтаринҳо 8 намояндаи Тоҷикистон низ ҳузур доранд. Шаш нафари онҳо айни замон дар рӯйхати варзишгароне қарор доранд, ки меъёри интихоб (квалификатсия)-и олимпиро иҷро кардаанд. Агар дар радабандии ҷаҳонӣ онҳо то 23 июни соли 2024 мавқеашонро аз даст надиҳанд,  ҳадди ақалл 5 нафари онҳо ба Бозиҳои олимпии 2024 дар Париж роҳ меёбанд.

Дар вазни то 66 кг Нуралӣ Эмомалӣ ва Обид Ҷебов дар рӯйхати олимпичиён қарор доранд, лекин тибқи қоидаҳо, танҳо 1 нафар аз онҳо дар бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад.

Темур Раҳимов имсол шумори имтиёзҳои худро то 6260 (соли гузашта 6024 буд) расонида, дар вазни зиёда аз 100 кг зинаи аввалро нигоҳ дошт. Аз варзишгари русиягӣ, ки дар зинаи 2-юм қарор дорад, ӯ 260 имтиёз зиёдтар дорад.

Дар вазни то 90 кг Комроншо Устопириён имсол каме мавқеашро аз даст дода, акнун зинаи 19-умро ишғол мекунад (соли гузашта дар ҷойи 15-ум буд).

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг босуръат боло ҷаҳида, ба зинаи 6-ум дар радабандии ҷаҳон ва 10-ум дар радабандии олимпӣ қарор гирифт. Як сол пеш ӯ мақоми 49-умро ишғол мекард.

Пешравии Беҳрӯз Хоҷазода ҳам қобили зикр аст. Аз зинаи 47-уми соли гузашта ӯ ба ҷойи 15-ум дар ҷаҳон боло рафт.

Радабандии ҷаҳонӣ байни мардон то охири соли 2023:

60 кг

1. Рюдзю Нагаяма (Ҷопон) – 5780 имтиёз.

2. Франсиско Гарригос (Испания) – 5700.

3. Харим Ли (Кореяи Ҷанубӣ) – 5032.

…40. Меҳрзод Сӯфиев – 1147.

…47. Муҳаммадсолеҳ Қувватов – 995.

66 кг

1. Денис Виеру (Молдова) – 6580.

2. Ёндонпэрэнлэйн Басху (Муғулистон) – 5814.

3. Важа Маргвелашвили (Гурҷистон) – 4610.              

…21. Нуралӣ Эмомалӣ – 2678 (зинаи 16-ум дар радабандии олимпӣ)

…26. Обид Ҷебов – 2132 (зинаи 21-ум дар радабандии олимпӣ)

73 кг

1. Хедаят Хейдаров (Озарбойҷон) – 6638.

2. Соичи Хошимото (Ҷопон) – 5540.

3. Муродҷон Юлдошев (Ӯзбекистон) – 5503.

…15. Беҳрӯз Хоҷазода  – 3401 (зинаи 9-ум дар радабандии олимпӣ). 

81 кг

1. Маттиас Кассе (Белгия) – 7907.

2. Тато Григалашавили (Гурҷистон) – 7515.

3. Ҷун Хван Ли (Кореяи Ҷанубӣ) – 5540.                 

…6. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон) – 3875 (зинаи 10-ум дар радабандии олимпӣ). 

…37. Шодмон Ризоев– 1538.   

90 кг

1. Лука Майсурадзе (Гурҷистон) – 7101.

2. Лаша Бекаури (Гурҷистон) – 5500.

3. Сансиро Мурао (Ҷопон) – 5200.

…19. Комроншо Устопириён – 2955 (зинаи 17-ум дар радабандии олимпӣ). 

100 кг

1. Иля Суламанидзе (Гурҷистон) – 6898.

2. Зелим Котсоев (Озарбойҷон) – 6030.

3. Михаэл Коррел (Нидерланд) – 5424.

+100 кг

1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – 6260 (зинаи 2-юм дар радабандии олимпӣ). 

2. Инал Тасоев (Русия) – 6000.

3. Алишер Юсупов (Ӯзбекистон) – 4970.

Меъёри интихоб барои Париж-2024 аз чӣ иборат аст?

Бино ба маълумоти Федератсияи байнулмилалии ҷудо, роҳхатҳо ба Париж-2024 тибқи радабандии ҷаҳонии ҷудо IJF аз рӯи натиҷаҳои давраи олимпии интихоб тақсим карда мешаванд. Яъне ҳамаи мусобиқаҳо дар доираи Силсилаи ҷаҳонӣ, ки аз 24 июни соли 2022 то 23 июни соли 2024 баргузор мешаванд, ба тақсими ниҳоии квотаҳо таъсир мерасонанд.

Теъдоди ниҳоии ҷудокорон аз як Кумити миллии олимпӣ, ки метавонанд ба Париж-2024 квота гиранд, 14 нафарро ташкил медиҳад (1 нафарӣ дар ҳар кадоме аз вазнҳо).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.