Паси дарҳои баста. Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ оғози мурофиаи гумонбарони куштори Шуҳрат Исматуллоевро тасдиқ кард

Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон оғози мурофиаи додгоҳии гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”- ро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, мурофиа рӯзи 25-уми декабри соли 2023 дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) оғоз шуд. Имрӯз, 2-юми январ, Радиои Озодӣ аз қавли наздикони яке аз мутаҳҳамон навишт, ки мурофиа рӯзи 25-уми декабри соли 2023 оғоз ғардида, рӯзҳои […]

Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон оғози мурофиаи додгоҳии гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”- ро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, мурофиа рӯзи 25-уми декабри соли 2023 дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) оғоз шуд.

Имрӯз, 2-юми январ, Радиои Озодӣ аз қавли наздикони яке аз мутаҳҳамон навишт, ки мурофиа рӯзи 25-уми декабри соли 2023 оғоз ғардида, рӯзҳои 26 ва 27-уми декабри соли 2023 идома ёфтааст ва “ба ҷуз аз вакилони мудофеъ каси дигаре иҷозаи иштирок дар мурофиаро надоштааст”.

Ин расона навишт, ки мурофиаи навбатии ин парвандаи пурсарусадо имрӯз, 2-юми январ, дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ва паси дарҳои баста ҷараён дорад.

Манбаъи “Asia-Plus” дар бораи мурофиаи имрӯза, ки дар Боздоштгоҳ мегузарад, изҳори бехабарӣ кард.

Аз дафтари матбуотии Додгоҳи олӣ оид ба оғози мурофиа изҳорӣ бехабарӣ карданд ва гуфтанд, бо дарёфти иттилоъ хабар хоҳанд дод. То лаҳзаи нашри хабар онҳо дар робита ба ин парванда иттилоъ пешниҳод накарданд.

Қаблан як манбаъ аз Додгоҳи олӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ба парвандаи мутаҳамон ба рабуда ва куштани Шуҳрат Исматуллоев муҳри махфӣ задаанд ва аз ин рӯ, додраси раисикунанда ва рӯзи баргузории мурофиа ифшо намешавад.

Рӯзи 24-уми ноябр Додситонии кулли кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Дилшод Саидмуродов (“Дилшоди “Красавчик” ё “СБ”) ва 13 нафари дигар, ки дар рубудану куштани Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешаванд, барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шуд. Дертар, ин иттилоъро Додгоҳи олӣ ҳам тасдиқ кард.

Таърихчаи қазияи Шуҳрат Исматуллоев

Қазияи рабудан ва куштори Шаҳрат Исматуллоев тобистони соли равон ҷомеаро такон дод.

Он замони Додситонии кулли кишвар гуфт, ки рӯзи 23-уми июни соли 2023 як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ Шуҳрат Исматуллоевро дар маркази пойтахти кишвар рабуда, дар яке деҳаи ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд”. Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд, ки баъдан дарёфт ва тавассути ташхиси дандонҳояш шинохта шуд.

Ба гуфтаи мақомот, чанде аз аъзоёни ин гуруҳ, аз ҷумла роҳбари он Дилшод Саидмуродов пас аз содир кардани ҷиноят ба Русия фирор карданд. Дертар, ин ниҳод гуфт, Акбар Аҳмадов, яке аз гумонбарон дар боздоштгоҳи Тоҷикистон аст.

Аз ин пештар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия хабар дода буд.

Он замон Додситонии кул навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда, ба беморхона интиқол ёфт ва дертар даргузашт.

Мақомоти дахлдори Тоҷикистон барои боздошти Исматуллоев амалиёти густурдаро роҳандозӣ карда, бо мақомоти Русия низ ҳамкорӣ намуданд. Ҳамчунин, барои кӯмак дар боздошти ӯ мукофотпулӣ ваъда карда буданд.

Дар моҳи октябри соли равон навори кутоҳи бозпурсии Дилшод Саидмуродов бо забони русӣ ва аксҳояш, ки дар даст завлона дошт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Баъдан, Додситонии кул гуфт, ки Дилшод Саидмуродов дар Русия боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст.

Ахиран расонаҳо аз “ихтиёран” ба мақомот таслим шудани Шоҳрух Хуҷаев иттилоъ доданд. Додситони кулли кишвар дар робита ба шеваи таслим шудани Шоҳрух Хуҷаев посухи рӯшан надод, аммо тасдиқ кард, ки “парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хуҷаев Шоҳрух ва дигарон санаи 18-уми ноябри соли 2023 барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст”.

Ҳамин тавр, номи панҷ нафар муттаҳам дар рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев барои ҷомеа маълум шудааст: Дилшод Саидмуродов, Акбар Аҳмадов, Бахтовар Сафаров, Шоҳрух Хуҷаев ва Рустам Ашӯров.

Номи даҳ нафари дигар, ки муҳокима мешаванд, ошкор нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.