Додситонии кул гуфт, парвандаи Дилшод Саидмуродов ва 13 ҳамроҳи ӯ ба Додгоҳи олӣ рафт

Asia-Plus

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Дилшод Саидмуродов (“Дилшоди “Красавчик” ё Дилшоди “СБ”) бо 13 гумонбари дигар дар рубуда ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовири роҳбари “Ориёнбонк” барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст. Дар ин бора Додситонии кулии Тоҷикистон дар посухи катбӣ ба дархости “Азия-Плюс” хабар дод.

Ин ниҳод  Дилшод Саидмуродовро ҳамчун “роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” ном бурда, гуфтааст, ӯ дастгир карда шудааст.

“Пас аз тафтиши пурра ва холисонаи ҳолати кор парвандаи ҷинояти нисбат ба 14 нафар айбдоршаванда, аз ҷумла Саидмуродов Д.Ҳ. санаи 18.11.2023 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд”, – омадааст дар посухи Додистонии кул.

Додситонии кул бо такя ба сирри тафтишот аз додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи мазмуни нишондод ва дигар маълумот нисбати Дилшод Саидмуродов худдорӣ карда гуфтааст, ки “то эътибори қонуни пайдо кардани санади судӣ ифшои он ғайриимкон мебошад”.

Аз Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кулли кишвар, ки дархост бо имзои сардори он ирсол шудааст, бо такя ба моддаи 15 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон гуфтаанд, “ҳеҷ кас то эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми додгоҳ дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор ҳисобида намешавад”.

“Инчунин, моддаи ва моддаи 177 қисми 1–и Кодекси мазкур муқарар намудааст, ки маълумоти тафтиши пешакиро танҳо бо иҷозати шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ва ба андозае, ки ӯ имконпазир медонад, форш кардан мумкин аст”, – гуфтааст ин ниҳод.

Дар идома, Додситонии кул бо такя ба ин асосоҳо аз додани ҳар гуна маълумот дар робита ба ин парванда худдорӣ кардааст.

Қаблан, навори кутоҳи бозпурсии Дилшод Саидмуродов бо забони русӣ ва аксҳояш, ки дар даст завлона дошт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Баъдан, як манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти қудратӣ гуфт, ки Дилшод Саидмуродов дар Русия боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст.

Дилшод Саидмуродов, ҳамроҳи 13 нафар дар рабуда ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, бонкдори тоҷик мутаҳҳам мешаванд.

Додситонии кул хабар дода буд, ки гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рӯзи 23-уми июни соли 2023 Шаҳрат Исматуллоевро дар маркази пойтахти кишвар рабуда, дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд, ки баъдан дарёфт ва тавассути ташхиси дандонҳояш шинохта шуд.

Ба ақидаи мақомоти тоҷик, Дилшод Саидмуродов пас аз содир кардани ҷиноят ба Русия фирор кардааст. Ҳамроҳ бо ӯ, шарики дигари ҷиноят Акбар Аҳмадов (Ахмедов) ҳам ба Русия фирор кардааст. баъдан, ин ниҳод гуфт, Акбар Аҳмадов дар боздоштгоҳи Тоҷикистон аст.

Аз ин пештар Додситонии кулли кишвар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия хабар дода буд.

Он замон Додситонии кулл навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ва дертар даргузашт.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон барои боздошти Исматуллоев бо ҳамтоёни худ дар Русия вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо доштанд. Ҳатто Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни мулоқоти худ бо ҳамтои русаш масъалаи боздошти Дилшод Саидмуродовро баррасӣ намуда буд.

Ҳамчунин, мақомот барои ҳамкорӣ дар боздошти Дилшод Саидмуродов мукофотпулӣ ваъда карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...