Ҳафт шоиру ду нависанда. Киҳо ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданд?

Рӯзи 29-уми декабри соли 2023 маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардида, дар он адибони ҷавон ба узвият пазируфта шудаанд. Ба иттилои Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адибони зерин ба узвияти ин иттиҳод пазируфта шуданд: Синои Абӯалӣ – шоир Шаҳриёр Олимӣ – шоир Баҳманёр Саид (Баҳман) – шоир Адибаи Ҳабиб – шоир […]

Рӯзи 29-уми декабри соли 2023 маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардида, дар он адибони ҷавон ба узвият пазируфта шудаанд.

Ба иттилои Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адибони зерин ба узвияти ин иттиҳод пазируфта шуданд:

Синои Абӯалӣ – шоир

Шаҳриёр Олимӣ – шоир

Баҳманёр Саид (Баҳман) – шоир

Адибаи Ҳабиб – шоир

Бузургмеҳри Ҳаким – шоир

Садриддин Ҳасанзода – шоир

Наргиси Муродалӣ – нависандаи осори бачагона

Инчунин, як шоири тоҷик аз Ӯзбекистон ва як нависандаи тоҷики ӯзбекзабон ба узвияти Иттифоқи нависандагон шомил шудаанд:

Файзулло Абдулазизов – нависандаи ӯзбекизабон

Асадулло Исмоилзода – шоир (узви ифтихорӣ, аз шаҳри Самарқанд)

Бояд гуфт, дар гузашта атрофи узвияти адибон дар ин созмон баҳсҳо зиёд будааст. Чанд сол пеш роҳбарияти Иттифоқи нависандагон масъалаи “аз сафи аъзоёни ин созмон ихроҷ намудани адибони тасодуфӣ”-ро дар миён гузошт ва дар натиҷа, чанде аз шоирону нависандагон аз аъзогии ин созмон хориҷ карда шуданд.

Он замон гуфта мешуд, ки чунин тасмим ба хотири поксозии сафи Иттифоқи нависандагон аз “адибони тасодуфӣ ва камҳунар, ки аслан аз соли 2010 то соли 2015 шомили иттифоқ шудаанд”, гирифта шудааст.

Ин тасмим як баҳси тундеро миёни адибон ба бор овард ва бештари адибон онро кори нодуруст унвон карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.