Ҷоизаи Рӯдакӣ имсол ба кӣ тақдим мегардад? То ин лаҳза номи се даъвогар маълум шудааст

То ин лаҳза барои гирифтани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ китобҳои Рустами Ваҳҳоб, Равшани Махсумзод ва филми Носир Саидов пешниҳод шудааст. Ин ҷоиза то охири моҳи январ ба барандагонаш эҳдо мегардад. Ҳар сол дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика барои комёбиҳои намоён Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тақдим мешавад. Низом […]

То ин лаҳза барои гирифтани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ китобҳои Рустами Ваҳҳоб, Равшани Махсумзод ва филми Носир Саидов пешниҳод шудааст. Ин ҷоиза то охири моҳи январ ба барандагонаш эҳдо мегардад.

Ҳар сол дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика барои комёбиҳои намоён Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тақдим мешавад.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зимни сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, асарҳоро иттифоқҳои эҷодӣ бояд пешниҳод намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи раёсати Иттифоқи нависандагон, ки 29-уми декабри соли 2023 барпо гардидааст, асарҳои зерин барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2024 пешниҳод шудааст:

Дар бахши адабиёт: маҷмуаи ашъори “Қаламрави меҳр”-и Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб;

Дар бахши адабиёти кӯдакон ва наврасон: маҷмуаи қиссаву ҳикояҳои “Кафшергар”-и муовини Иттифоқи нависандагон Равшани Махсумзод.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, ки ин созмон филми “Роҳ”-и коргардони шинохта Носир Саидовро барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар соли 2024 пешниҳод кардааст.

Филми мазкур Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ дар нахустин синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон”-ро ба даст оварда буд.

Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода ҳам гуфт, ки аз ҷониби ин ниҳод ду асар барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шудааст, вале аз ироаи номи онҳо худдорӣ кард.

Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гуфт, аз сӯи ин созмон имсол ягон асар пешниҳод нагардидааст. Ба қавли ӯ, дар соҳаи журналистика (публистистикаи бадеӣ) шӯъбаи публистистикаи Иттифоқи нависандагон бояд барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асар пешниҳод кунад. Аммо аз ҷониби Иттифоқи нависандагон асаре дар ин соҳа пешниҳод нашудааст.

Ба қавли Низом Қосим, соли гузашта дар соҳаи публистистикаи бадеӣ асарҳо пешниҳод шуда будаанд, вале мувофиқ наомада, соҳиби ҷоизаи давлатӣ нагардидаанд.

Муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфт, ки ҳайати ин кумита то 15-уми январ ҷамъ омада, асарҳоро баррасӣ мекунанд ва баъди нимаи дуюми январ ҷоиза ба соҳибонаш эҳдо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 1963 таъсис ёфта, онро аввалин бор Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барои достон “Ҷони ширин” гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.