Додгоҳи олӣ вуруди парвандаи Дилшоди “СБ” ва 13 ҳамроҳашро барои баррасӣ тасдиқ карда, аммо санаи оғози мурофиаро нагуфтааст

Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилои ҳафтае қабл ба “Asia-Plus” пешниҳодкардаи Додситонии кулли кишвар дар бораи ирсоли парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 14 нафар айбдоршаванда, аз ҷумла Дилшод Саидмуродовро ба суд тасдиқ карда, гуфтааст, ки санаи дақиқи мурофиа аввали моҳи декабр муайян мешавад. Ҳафтаи қабл Додситонии кулли кишвар ба “Asia-Plus” иттилоъ дода буд, ки пас аз тафтиши пурра […]

Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилои ҳафтае қабл ба “Asia-Plus” пешниҳодкардаи Додситонии кулли кишвар дар бораи ирсоли парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 14 нафар айбдоршаванда, аз ҷумла Дилшод Саидмуродовро ба суд тасдиқ карда, гуфтааст, ки санаи дақиқи мурофиа аввали моҳи декабр муайян мешавад.

Ҳафтаи қабл Додситонии кулли кишвар ба “Asia-Plus” иттилоъ дода буд, ки пас аз тафтиши пурра ва холисонаи ҳолати кор парвандаи ҷинояти нисбат ба 14 нафар айбдоршаванда, аз ҷумла Саидмуродов Д.Ҳ. санаи 18.11.2023 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Ин 14 нафар барои дар қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси “Ориёнбонк” айбдор мешаванд.

Як масъули Додгоҳи олӣ 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз рӯи тартибот, додгоҳ ду ҳафта парвандаро меомӯзад ва баъд санаи мурофиаро таъин мекунад.

“Аввали моҳи декабр санаи шурӯи мурофиаҳои додгоҳӣ аниқ мешавад,” – зикр кардааст ин масъули Додгоҳи олӣ.

Ҳоло маълум нест, ки мурофиа ошкоро баргузор мешавад ё паси дарҳои баста.

Дар робита ба рафти тафтишот назари пайвандони гумонбарон маълум нест.

Қазияи рабудан ва куштори Шаҳрат Исматуллоев тобистони соли гузашта ҷомеаро такон дод.

Он замон Додситонии кул гуфта буд, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ рӯзи 23-уми июни соли 2023 Шӯҳрат Исматуллоевро дар маркази пойтахти кишвар рабуда, дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд, ки баъдан дарёфт ва тавассути ташхиси дандонҳояш шинохта шуд.

Дар пайи ин қазия, мақомоти тоҷик амалиёти боздошти гумонбаронро ба роҳ монданд ва инак бо гузашти 5 моҳ, парвандаро бо фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.