Президенти Тоҷикистон бо як губернатори Русия масъалаи кори муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кардааст

Имрӯз, 28-уми ноябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори вилояти Свердловски Русия Евгений Кувайшев дар шаҳри Душанбе мулоқот анҷом дод ва ду ҷониб хостори тавсеаи пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо шудаанд. Тавре хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон менависад, сарвари давлат дар ин замина гуфтааст, ки имрӯз беш аз 80 субъекти […]

Asia-Plus

Имрӯз, 28-уми ноябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори вилояти Свердловски Русия Евгений Кувайшев дар шаҳри Душанбе мулоқот анҷом дод ва ду ҷониб хостори тавсеаи пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо шудаанд.

Тавре хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон менависад, сарвари давлат дар ин замина гуфтааст, ки имрӯз беш аз 80 субъекти Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақим доранд.

“Дар байни онҳо вилояти Свердловск ҷои муҳимро ишғол менамояд ва ҷониби Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои Губернатори вилояти Свердловскро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намояд”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон инчунин, муҳиммияти густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолиро дар бахшҳои гуногуни саноатӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон таъкид кардааст.

Сарвари давлат мавзӯи муҳими рӯзномаи Тоҷикистон ва Русия – фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мо дар Русияро низ мавриди гуфтӯгу қарор додааст.

Соҳаҳои энергетика, дорусозӣ ва сайёҳӣ низ самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ маънидод карда шудаанд.

Дар фарҷоми мулоқот Президенти Тоҷикистон махсус таъкид доштааст, ки барои рушди рӯзафзуни ҳамёрии ҷонибҳо тақрибан дар тамоми соҳаҳо заминаи ҷиддӣ мавҷуд аст ва ҷонибҳоро зарур аст, ки минбаъд низ барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.