Дар ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе кӯдак таваллуд шуд

Date:

Дар ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии", ки бо хатсайри фурудгоҳи Жуковский – Душанбе парвоз мекард, яке аз мусофирон кӯдак ба дунё овард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

"Рӯзи 10 январ дар хатсайри U6-2441 аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ба Душанбе духтарча таваллуд шуд. <…> Дарҳол пас аз ба ҳаво баланд шудани ҳавопаймо, як зан ба доду фарёд оғоз кард. Як корманди ҳайати хидматрасонии ҳавопаймо собиқ фелдшер Надежда Ивакина ва яке аз мусофирзанон ҳамшираи шафқат Мадина  ба кумаки ӯ шитофтанд. <…> Зани ҳомиладорро ба қатори иборат аз се курсӣ ҷой карда, барои таввалуд таҷҳизоти зарурӣ омода карданд".

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ширкат зикр кардаанд, ки таваллуд бе мушкилӣ гузашта, нишасти таъҷилии ҳавопаймо лозим нашудааст. Дар фурудгоҳи Душанбе модару тифли навзодро ба ихтиёри мошини ёрии таъҷилии тиббӣ супардаанд.

“Мусофирони ҳавопаймо, ки аз ин кор ба эҳсос омада буданд, барои тифли навзод ҳамчун туҳфа 55 ҳазор рубл ва 3 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ карданд”, – изҳор доштааст яке аз кормандони ҳайати хидматрасонии ҳавопаймо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...