Иштироки 5 ҷудокори тоҷик дар Гран-прии Португалия

Дар Португалия рӯзи 26 январ мавсими мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо оғоз мегардад. Мусобиқаи ниҳоӣ Бозиҳои олимпӣ дар Париж хоҳад буд. Ғайр аз ин, ҷудокорон дар мусобиқаҳои Тоскулоҳи бузург ва Чемпионати ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Варзишгарони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (то 73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (то 81 кг), Абӯбакри Акобир ва […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Португалия рӯзи 26 январ мавсими мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо оғоз мегардад. Мусобиқаи ниҳоӣ Бозиҳои олимпӣ дар Париж хоҳад буд. Ғайр аз ин, ҷудокорон дар мусобиқаҳои Тоскулоҳи бузург ва Чемпионати ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

Варзишгарони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (то 73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (то 81 кг), Абӯбакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 100 кг) Тоҷикистонро дар аввалин мусобиқаи мавсим – Гран-прии Португалия, ки аз 26 то 28 январ дар Одивелаш доир мегардад, намояндагӣ мекунанд.

Барои иштирок дар мусобиқа 641 варзишгар (356 мар ва 285 зан) аз 90 кишвари дунё номнавис шудаанд.

Ғолибони мусобиқа бо 3 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра – бо 2 ҳазор евро ва медалҳои биринҷӣ – бо 1 ҳазор евро мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, варзишгарон имтиёз ба даст оварда, метавонанд мавқеи худро дар радабандии олимпӣ беҳтар кунанд.

Ҷадвали мусобиқаҳои асосӣ оид ба ҷудо дар соли 2024:

26 – 28 январ. Гран-прии Португалия

2 – 4 феврал. Тоскулоҳи бузург. Париж, Фаронса

16 – 18 феврал. Тоскулоҳи бузург. Боку, Озарбойҷон.

1 – 3 март. Тоскулоҳи бузург. Тошканд, Ӯзбекистон.

8 – 10 март. Гран-прии Австрия. Линтс Австрия.

22 – 24 март. Тоскулоҳи бузург. Тбилиси, Гурҷистон.

29 – 31 март. Тоскулоҳи бузург. Анталия, Туркия.

3 – 5 май. Гран-прии Душанбе. Душанбе, Тоҷикистон.

10 – 12 май. Тоскулоҳи бузург. Алмато, Қазоқистон. 

19 – 24 май. Чемпионати ҷаҳон. Абу-Даби, АМА. 

28 – 30 июн. Тоскулоҳи бузург. Улан-Батор, Муғулистон.

26 июл – 11 август. Бозиҳои олимпӣ. Париж.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.