Ҷаласаи ҳукумат зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон идома дорад

Date:

Нимаи аввали имрӯз, 24-уми январ, дар Душанбе таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар оғоз гардид.

Бино ба хабари хадамоти матбуоти расиси ҷумҳур, “дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд”.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2023 мафассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда мешавад.

То ҳол дар бораи натоиҷи ин ҷаласа хабари расмӣ интишор нашудааст. Солҳои қаблӣ баъди баргузории ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат одатан тағйироти кадрӣ сурат мегирифт ва баъзе коршиносон тахмин мекунанд, ки зимни ин ҷаласа низ эҳтимол аст тағйироти кадрӣ сурат гирад.

Радиои Озодӣ менависад, ки ҷаласаи ҳукумат айни ҳол идома дорад. Хабарнигорони ин расона дар атрофи бинои ҳукумат теъдоде аз низомиёнро дидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...