Футболбозони тими миллии Тоҷикистонро дар фурудгоҳ бо шукӯҳ пешвоз гирифтанд

Футболбозони тими миллии Тоҷикистон оид ба футболро, ки баъди хотимаи ҳунарнамоӣ дар Ҷоми Осиё-2023 ба ватан баргаштанд, бо тшукӯҳи хоса пешвоз гирифтанд. Барои пешвози онҳо ба Фурудгоҳи Душанбе Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбарони ниҳодҳои дихлдор ва хабарнигорону мухлисони тими миллӣ ташриф оварда буданд. Ба ҳар як узви тими миллӣ ва ҳайати мураббиён гулдаста тақдим […]

Asia-Plus

Футболбозони тими миллии Тоҷикистон оид ба футболро, ки баъди хотимаи ҳунарнамоӣ дар Ҷоми Осиё-2023 ба ватан баргаштанд, бо тшукӯҳи хоса пешвоз гирифтанд.

Барои пешвози онҳо ба Фурудгоҳи Душанбе Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбарони ниҳодҳои дихлдор ва хабарнигорону мухлисони тими миллӣ ташриф оварда буданд.

Ба ҳар як узви тими миллӣ ва ҳайати мураббиён гулдаста тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар то марҳилаи ¼ ниҳоӣ ҳунарнамоӣ кард ва дар ин марҳила аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд.

То ин марҳила, тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳ бо мунтахаби Чин (0-0), Қатар (0-1) ва Лубнон (2-1) бозӣ кард ва дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 1-1 (5-3 пен) шикаст дода буд.

Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат