Соли 2023 Тоҷикистон ба 110 миллион доллар барқ фурӯхтааст

Дар соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 110 миллион доллар ба​​ Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон барқ фурӯхтааст. Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Агентии омор имрӯз, 14-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, фурӯши барқ нисбат ба соли 2022 4 дарсад бештар мебошад. “Соли 2023 барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон содирот […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 110 миллион доллар ба​​ Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон барқ фурӯхтааст. Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Агентии омор имрӯз, 14-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, фурӯши барқ нисбат ба соли 2022 4 дарсад бештар мебошад.

“Соли 2023 барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон содирот шуд. Ҳаҷми содирот ба мо дастрас нест, вале маблағаш 110 миллион доллар аст”, – гуфт роҳбари Агентии омор.

Нурмаҳмадзода гуфт, нерӯи барқи Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Афғонистон фурӯхта шудааст ва маблағи он 70 миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо гуфта мешавад, ки содироти барқ ба Афғонистон дар соли 2023 5 дарсад камтар аз соли 2022 будааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, ки дар соли 2023 Тоҷикистон ҳам аз Ӯзбекистону Қирғизистон ба маблағи 18 миллион доллар нерӯи барқ ​​ворид кардааст.

Дирӯз, 13-уми феврал, директори “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2023 аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа беш аз 2,6 млрд кВт. соат барқ содир шудааст, ки назар ба соли 2022-юм 124 млн кВт. соат бештар аст.

Ҳаҷми содироти барқи Тоҷикистон дар соли 2023 чунин аст:

  • Афғонистон – 1 млрд, 624 млн кВт.соат;
  • Ӯзбекистон – 907,5 млн кВт.соат;
  • Қазоқистон – 144 млн кВт.соат.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи сентябри соли 2023 дар манотиқ ва ҳатто навоҳии атрофи пойтахти Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Ҳоло ба сокинони деҳоти кишвар 3 соат дар субҳ ва 5 соат шабона барқ дода мешавад.

Ҳамоно маълум нест, ки маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар кай барҳам мехӯрад ва ба қавли роҳбарияти “Барқи тоҷик” ҳоло “пешбинӣ кардан ғайриимкон мебошад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.