Тайи 17 соли ахир дар Тоҷикистон истифодаи нерӯи барқ ба андозаи 4,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфт

            Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар соли 2008 нисбат ба соли 1991 ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 4,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфта, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми талафоти барқ ба миқдори 1,1 млрд кВт/соат афзудааст.             Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, агар соли 1991 […]



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар соли 2008 нисбат ба соли 1991 ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 4,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфта, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми талафоти барқ ба миқдори 1,1 млрд кВт/соат афзудааст.





           

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, агар соли 1991 ҳаҷми умумии истифодаи нерӯи барқ 17 млрд. кВт/соатро ташкил дода бошад, пас соли гузашта он то 12,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфтааст. «Кам шудани ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ба коҳиши ҳаҷми истеҳсолот дар саноат марбут буда, агар соли 1991 барои эҳтиёҷоти истеҳсолоти саноатӣ 10,9 млрд. кВт/соат нерӯи барқ хароҷот гардида бошад, пас соли 2008 он ҳамагӣ муодили 6,5 млрд. кВт/соат гашт», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ ба миқдори 1,3 млрд. кВт/соат зиёдтар шуд. «Дар Тоҷикистон соли гузашта ҳаҷми истифодаи гази табиӣ дар муқоиса бо соли 1991 ба миқдори 1,3 млрд метри мукааб коҳиш ёфт», – афзуданд дар вазорат.

         



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.