Варзишгардухтари тоҷик ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт

Варзишгардухтари тоҷик Мунира Абдусаломова дар вазни 67 кг оид ба таэквондо ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж роҳхат гирифт. Мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 оид ба таэквондо WT дар қораи Осиё рӯзҳои 15-16 март дар шаҳри Тайани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуданд. Узви тими мунтахаби Тоҷикистон Мунира Абдусаломова дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Варзишгардухтари тоҷик Мунира Абдусаломова дар вазни 67 кг оид ба таэквондо ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж роҳхат гирифт.

Мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 оид ба таэквондо WT дар қораи Осиё рӯзҳои 15-16 март дар шаҳри Тайани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуданд.

Узви тими мунтахаби Тоҷикистон Мунира Абдусаломова дар даври нимфиналӣ бо ҳисоби 14:8 бар варзишгари пурқуввати Қазоқистон Ҷансел Дениз, ки яке аз довталабони асосии мусобиқа маҳсуб меёфт, дастболо шуд.

Бо ин ғалаба варзишгардухтари тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар пойтахти Фаронса – Париж роҳхат дарёфт кард.

Мувофиқи регламент, дар ҳамаи вазнҳо ду иҷозатнома дода мешуд. Яъне варзишгароне, ки ба даври финалӣ роҳ меёфтанд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ мешаванд.

Дар Париж таэкондочиён дар 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни занон рақобат мекунанд. Айни замон мусобиқаҳои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж барои таэкондочиён ба ҷуз мусобиқаи интихобии панамерикоӣ қариб анҷом ёфтанд.

Қобили зикр аст, ки роҳхатҳои олимпиро оид ба таэквондо намояндагони 44 кишвари саросари дунё ба даст овардаанд.

Роҳхати Мунира Абдусаломова чаҳорумин барои варзишгарони тоҷик аст. Қаблан дар риштаи бокс Мижгона Самадова, Давлат Болтаев ва Баҳодур Усмонов ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.