Маросими видоъ бо Умар Зиёев. Ӯро дар Лучоб ба хок супориданд

Умар Зиёев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз овозхонони шинохтаи 50 соли охири тоҷик 17-уми март дар 73-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт ва ӯро 18-уми март дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд. Марҳум чанд соли охир аз беморӣ ранҷ мекашид ва рӯзи 17-уми март пас аз ҷарроҳӣ дар пойтахт аз олам даргузашт. Ӯ 73 […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plud

Умар Зиёев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз овозхонони шинохтаи 50 соли охири тоҷик 17-уми март дар 73-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт ва ӯро 18-уми март дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.

Марҳум чанд соли охир аз беморӣ ранҷ мекашид ва рӯзи 17-уми март пас аз ҷарроҳӣ дар пойтахт аз олам даргузашт. Ӯ 73 сол дошт.

Маросими хайрбод бо овозхон дар назди хонааш дар Душанбе баргузор шуд. Дар маросими видоъ пайвандону дӯстон ва ҳаводорони зиёди ҳунари Умар Зиёев ҳузур доштанд.

Умар Зиёев яке аз овозхонҳои шинохтаи 50 соли охир дар кишвар буд. Ӯ дар солҳои 1970-ум бо сурудаҳои “Сад раҳ дар интизорат”, “Зулфи парешон” ва “Замини маҳбуб ва зодгоҳ” шӯҳрат ёфт.

Соли 1974 ба дастаи эстрадии “Гулшан” даъват гардид ва беш аз ду даҳсола дар пешбурди эстрадаи тоҷик саҳм гирифт.

Нақши Умар Зиёев дар корномаи дастаи ҳунарии “Гулшан” бориз арзёбӣ мешавад. Ҳамкорону ҳамовардони овозхон нақша доштанд, ки имсол 60-солагии “Гулшан”-ро дар Душанбе бо шукӯҳ ҷашн гиранд. Умар Зиёев ҳам гуфта буд, ки аз таърихи ин даста китоб менависад. Аммо акнун роҳбари собиқадори даста аз олам чашм пӯшид ва тақдири он китоб ҳам норавшан боқӣ монд.

Умар Зиёев дар солҳои 2000-ум ба хондани сурудҳои ватанпарварона пардохт. Ин овозхон беш аз 14 сол роҳбари дастаи ҳунарии “Сипар”-и ВКД буд ва соли 2014 аз ин ҷо ба нафақа баромад. Дар охирин мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” гуфта буд, бо сари баланд масъулияти ба дӯш доштаро ба поён расонидааст.

Даргузашти Умар Зиёев аҳли зиёи кишварро ба мотам нишонд ва марги варо талафоти ҷуброннопазир дар санъати тоҷик унвон карданд. Ҷасади Умар Зиёев дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.