ҶСП «Рушди устувори шаҳрҳо»-и Русия ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

            Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл гуфтушуниди раиси палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо директори ҶСП «Рушди устувори шаҳрҳо»-и Русия Юрий Воскресенский баргузор гашт.             Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот масоили рушду густариши ҳамкорҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ба роҳ мондани муносиботи хамкорӣ миёни корхонаву муассисоти […]



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл гуфтушуниди раиси палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо директори ҶСП «Рушди устувори шаҳрҳо»-и Русия Юрий Воскресенский баргузор гашт.





           

Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот масоили рушду густариши ҳамкорҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ба роҳ мондани муносиботи хамкорӣ миёни корхонаву муассисоти кишварҳо ва сармоягузории лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷониби Русия доир ба имконоти мавҷудаи сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, лоиҳакашӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла мармар, гранит ва боксит изҳори назар намуд.




           

Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки ҳамчунин дар бахши саноати бофандагӣ, коркарди пахта, бунёди роҳу пул ва нақб, таъмири таҷҳизоти роҳи оҳан ва лоиҳаҳои рушди зерсохтори бахши сайёҳӣ низ имконоти сармоягузорӣ мавҷуд аст.



 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.