Боздошти 15 нафар барои қасди ҳамлаҳои террористии монанд ба “Крокус” дар Душанбе ва Ваҳдат

Date:

Мақомоти амниятии Тоҷикистон дастикам 15 сокини Душанбе ва Ваҳдатро бо қасди ҳамлаҳои террористӣ ҳангоми баргузории чорабинҳои нарвӯзӣ дар пойтахт ва шаҳри Ваҳдат боздошт карданд. Як манбаъ аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

Бори аввал, имрӯз, 29-уми март “Азия-Плюс” аз боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат барои робита доштан бо гумонбарони ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав ва ҳамкорӣ бо Давлати исломӣ* (ДОИШ) хабар дода буд.

Манбаъи мо аз мақомоти амният гуфт, аксари боздоштшудаҳо сокинони Ваҳдат мебошанд ва ҳамаи онҳо пеш аз таҷлили ҷашни Наврӯз аз сӯи кормандони КДАМ боздошт ва ба Душанбе оварда шуданд.

Маълум нест, ки 15 нафари боздоштшуда ба гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав, ки 140 кушта ва садҳо захмӣ дар пай дошт, рабт доранд ё не.

“Тафтишот маълум хоҳад кард, ки боздоштшудаҳо бо гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” робита доштанд ё не. Ҳамин таирқ, маълум нест, ки ҳамаи онҳо увзи як занҷира буданд ва ё ҳар яке дар алоҳидагӣ мехостанд дар Русия ва Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд. Тафтишот идома дорад ва ба ин саволҳо бояд посух ёбад”, -гуфт манбаъи мо.

Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав рӯзи 22-юми март, ки беш аз 140 куштаву садҳо захмӣ ба ҷой гузошт, дар Русия дастикам 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд.

Дар пайи ин, тибқи иттилои хабаргузории русии “РИА Новости”, мақомоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии Русия наздикони гумонбарони боздоштшуданро бозпурсӣ карданд. Бархе наздикони гумонбаронро озод карда, бархеи дигар ҳамоно дар бозпурсӣ қарор доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Чаҳор гумонбари ҳамлаи "Крокус". аз чап ба рост: Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фариддуни Шамсиддин, Муҳаммадсобир Файзов

Яке аз гумонбарон Саидакрам Раҷабализода, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон гуфта мешавад. Ба иттилои “Радиои Озодӣ” пас аз ҳамлаи террористӣ мақомоти қудратии Тоҷикистон модар, бародар, ҳамсар ва ду амаки Раҷабализодаро ба Душанбе бурда, бозпурсӣ кардаанд. Маълум нест, ки онҳое, ки дар Ваҳдат боздошт шуданд бо Саидакрам Раҷабализода рабте доранд ёне.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти 15 сокини Душанбеву Ваҳдат изҳори бехабарӣ кард.

Ба мо муяссар нашуд, ки ин иттилоъро мустақиман аз КДАМ тасдиқ ё рад кунем.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар боздошт шудааст. Аз ҷумла, чор нафар – Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ "Крокус Сити Ҳолл" пас аз ҳамлаи террористӣ

Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар – Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад. Баъдтар, падару писар – Аминҷон ва Исроил Исломовҳо аз ҳукми додгоҳ шикоят карданд.

Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.

Дар бораи нафари нӯҳуми ба ҳабс гирифта имрӯз Кумитаи тафтишоти Русия иттилоъ дод ва гуфт, ки ӯ ҳамларо маблағгузорӣ кардааст. Аммо шахсияту табаияти ӯро ошкор накард.

Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...