spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чаро дар Тоҷикистон нуриҳои минералӣ ин қадар гарон аст ва ин ба чӣ оварда мерасонад?

Ин ба он оварда мерасонад, ки арзиши аслии 1 кило помидор то 7 сомонӣ боло меравад. Деҳқонон дар фикри онанд, ки дар айни авҷи мавсим, ки нарх паст мешавад, помидорро бо чӣ нарх мефурӯшанд? Зеро ҷойи маҳсулоти гаронбаҳои ватаниро сабзавоту меваҳои арзонтари Ӯзбекистон ё Туркманистон гирифта метавонанд.

Директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ, академик Ҷалил Пиризода дар шарҳи ин масъала изҳор намуд, ки дар мавсими нав онҳо метавонанд боз ба андозаи 50% боло раванд.

“Ба нарх омилҳои беруна таъсир мерасонанд, – шарҳ дод вай. – Мегӯед, ки ҳозир нархҳо баланд шуданд? Баҳор боз гаронтар шуда метавонанд”.

Ба гуфтаи олими тоҷик, мухолифат байни кишварҳои абарқудрат ба он оварда расонид, ки нархи газ тайи солҳои ахир қариб 10 баробар боло рафт. Ҳамаи корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ бо гази табиӣ кор менкунанд.

Бо сабаби гаронии газ қариб ҳамаи корхонаҳои Аврупо истеҳсоли нуриҳои минералиро боздошта, айни замон он дар Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳое, ки гази худиро доранд, истеҳсол мешавад.

Маҳсулоти худро онҳо ба кишварҳои Аврупо, ки ба онҳо маблағи хуб медиҳанд, содир намуда, лекин ба кишварҳое, ки чунин иқтидор надоранд, начандон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Раиси Левакант: “ТоҷикАзот” соли оянда ба кор медарояд”

Мутахассис мегӯяд, дар мавсими баҳори имсола дар воридоти нуриҳои минералӣ мо шояд ба мушкилот дучор гардида, нархи онҳо аз 20 то 50% зиёд шавад.

Тибқи ҳисоби Пиризода, хароҷот ба маводи сӯхт дар сохтори маҳсулоти кишоварзӣ тақрибан 70%-ро ташкил медиҳад.

– Дар натиҷа арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд. Истеҳсолкунанда маҷбур аст, ки маҳсулоти худро гаронтар фурӯшад, то хароҷотро пӯшонад ва фоида ба даст орад, – шарҳ дод академик. – Дар кишварҳои пешрафта ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ кумакпулӣ (субсидия) ҷудо карда мешавад. Тоҷикистон то ҳол чунин имкон надорад. Вале мо умедворем, ки дар ояндаи наздик чунин имконият пайдо мекунем.

Помидори тоҷикиро ӯзбекӣ иваз мекунад?

Дар ҳамин ҳол, бархе аз кишоварзони тоҷик, ки ба парвариши помидору бодиринг машғул буданд, аз ин кор даст кашида, дар заминҳояшон алафҳои хӯроки чорво кишт карданд.

– Бо назардошти нархи тухмӣ, нуриҳои минералӣ ва техника, арзиши аслии 1 кило помидор дар авҷи мавсим 5-7 сомонӣ мешавад, аммо мо онро ба чанд сомонӣ мефурӯшем? 10 сомонӣ дар моҳи июн хеле гарону 5 сомонӣ зиёновар аст, юнучқа кишт кардан беҳтар аст, чунки хароҷоташ ҳам каму фоидааш низ, – мегӯяд Нусрат Кобулов, як деҳқон аз шаҳри Турсунзода.

Айни замон 1 кило нуриҳои минералии асосӣ – селитра ва карбамид дар Тоҷикистон 10 сомонӣ нарх доранд. Ҳамин вақти соли гузашта нархи онҳо дар ҳудуди 4-5 сомонӣ қарор дошт. Бино ба маълумоти вай, дар Туркманистон ва Ӯзбекистон парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони 1 гектар нисбат ба Тоҷикистон 3-4 маротиба арзонтар меафтад.

Аз ин рӯ, ҳозир дар бозорҳои кишвар помидори истеҳсоли ин кишварҳо пайдо шуда, аз рӯи нарх барои харидорони яклухтхар 2-3 маротиба арзонтар аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба далели гаронии қимати кишт, имсол дар шаҳри Турсунзода ҳосили маҳсулоти гармхонаҳо тақрибан 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

– Кӣ кафолат медиҳад, ки тобистон маҳсулоти кишоварзии арзон аз ин кишварҳо ба бозори Тоҷикистон ворид намешавад? Бо сабаби нархи баланд ба сабзавот мо бозорро аз даст медиҳем. Харидор ба хароҷоти ту кордор нест, ба ӯ нарх муҳим аст, – бо афсӯс мегӯяд деҳқон.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода зикр кард, ки хоҷагиҳои деҳқонии кишвар ба 550 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ниёз доранд. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба ҷумҳурӣ аз Ӯзбекистону Туркманистон, Русия ва Қазоқистон ба маблағи 42 млн доллар нуриҳои минералӣ оварда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...