Ташкили ҳукумати ҳамашумул. Путин бори дигар ба талаби Тоҷикистон аз Толибон таъкид кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гурӯҳи тундрави Толибонро ҳампаймони Русия дар мубориза бар зидди терроризм гуфта, зикр намуд, ки пазируфтани ин гуруҳ ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аз розигии кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла дар мавриди ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон вобаста аст. Ташкили ҳукумати ҳамашумул яке аз талабҳои асосии Тоҷикистон аз Толибон* аст. […]

Asia-Plus

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гурӯҳи тундрави Толибонро ҳампаймони Русия дар мубориза бар зидди терроризм гуфта, зикр намуд, ки пазируфтани ин гуруҳ ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аз розигии кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла дар мавриди ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон вобаста аст. Ташкили ҳукумати ҳамашумул яке аз талабҳои асосии Тоҷикистон аз Толибон* аст.

Ин нуктаро Владимир Путин дар Остона, пойтахти Қазоқистон, ки мизбони ҷаласаи навбатии СҲШ буд, зимни суҳбат бо хабарнигорон зикр кард.

Ӯ гуфт, ба узвияти СҲШ пазируфтани Толибон танҳо аз Русия вобаста нест ва бояд розигии ҳамаи кишварҳои узви ин созмон гирифта шавад.

“Ин ҷо бо кишварҳои мухталифи узви СҲШ масоили ҳалталаб ҳаст, аз ҷумла дар мавриди фарогирии қудрат дар Афғонистон. Ман фикр мекунам, ки ин ҳама масъалаҳои ҳалшавандаанд ва мо бояд муносибатҳоро бо Афғонистон, бо низоми воқеии сиёсӣ, ки соҳиби қудрат дар ин кишваранд, ба роҳ монем”, – гуфт Путин.

Ӯ дар идома афзуд, “қудратро дар кишвар Толибон дар даст доранд, аз ин лиҳоз, барои мо дар мубориза зидди терроризм ҳампаймон ҳастанд”.

Бояд зикр кард, ташкили ҳукумати фаромиллӣ ва ҳамашумул, ки Путин ишора кард, яке аз талабҳои аслии Тоҷикистон дар қиболи Толибон аст. Роҳбарияти Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки дар Афғонистон бояд намояндагони ҳамаи қавмҳо ва гуруҳҳои сиёсӣ ба ҳаёти сиёсӣ идораи давлат ҷалб карда шаванд.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон миёни давлатҳои узви СҲШ ягона кишвар аст, ки бо Толибон робитаи мустақими сиёсӣ надорад.

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи августи соли 2021 Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд ва аз он вақт инҷониб талош доранд, ки ба расмият шинохта шаванд. Аммо то ҳол ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.