Беҳтарин гӯштингирони мунтахаби Тоҷикистон: киҳо ба радабандии ҷаҳонӣ шомил шуданд?

Date:

Созмони ҷаҳонии гӯштин (United World Wrestling, UWW) радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи гӯштингирони тарзи озод ва юнонию румиро нашр кард, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ қарор доранд.

Рӯйхати UWW бо назардошти натиҷаҳои мусобиқаҳои байнулмилалӣ тайи моҳҳои ахир таҳия шудааст. Дар навбати аввал, натиҷаҳои баланди чемпионатҳои қоравӣ ва мусобиқаҳои силсилаи Гран-при ба инобат гирифта шудаанд. Дар ҳар як вазн 30-70 нафарӣ шомил шудаанд.

Дар радабандии ҷаҳонӣ миёни тоҷикистониён дар гӯштини тарзи озод Ҷамшед Шарипов дар вазни 61 кг зинаи 32-юмро ишғол мекунад. Дар вазни 65 кг Абдулмаҷид Кудиев дар зинаи 13-ум қарор дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гӯштингири мунтахаби Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев

Дар вазни 70 кг Мустафо Аҳмедов дар зинаи 17-ум, дар вазни 74 кг Виктор Рассадин – 28-ум ва дар вазни 79 кг Магомед Евлоев – дар зинаи 25-ум ҷой гирифтаанд.

Дар гӯштини тарзи юнонию румӣ дар вазни 60 кг Асламҷон Азизов дар зинаи 31-ум, дар взани 67 кг Фирӯз Мирзораҷабов – дар зинаи 41-ум ва дар вазни 87 кг Суҳроб Абдулҳаев – дар мақоми 56-ум қарор гирифтаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Виктор Рассадин

Созмони ҷаҳонии гӯштин барои сегонаи беҳтарини радабандиҳо мукофотпулиҳо муқаррар намуда, маблағи умумии он 600 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ байни гӯштингирон дар се навъ ва 30 дараҷаи вазн тақсим карда мешавад.

Барои ҷойи якум дар ҳар кадоме аз вазнҳои радабандии UWW 10 ҳазор доллар, зинаи 2-юм – 7 ҳазор доллар ва зинаи 3-юм – 3 ҳазор доллар мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

Радабандиҳо ба баллҳои гирифта барои иштирок/зинаи ишғолнамуда дар чемпионати ҷаҳон, мусобиқаҳои қоравӣ, Бозиҳои Осиё, Бозиҳои панамрикоӣ ва чор чорабинии силсилаи радабандиҳо асос ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...