Беҳтарин гӯштингирони мунтахаби Тоҷикистон: киҳо ба радабандии ҷаҳонӣ шомил шуданд?

Созмони ҷаҳонии гӯштин (United World Wrestling, UWW) радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи гӯштингирони тарзи озод ва юнонию румиро нашр кард, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ қарор доранд. Рӯйхати UWW бо назардошти натиҷаҳои мусобиқаҳои байнулмилалӣ тайи моҳҳои ахир таҳия шудааст. Дар навбати аввал, натиҷаҳои баланди чемпионатҳои қоравӣ ва мусобиқаҳои силсилаи Гран-при ба инобат гирифта шудаанд. Дар ҳар […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Созмони ҷаҳонии гӯштин (United World Wrestling, UWW) радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи гӯштингирони тарзи озод ва юнонию румиро нашр кард, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ қарор доранд.

Рӯйхати UWW бо назардошти натиҷаҳои мусобиқаҳои байнулмилалӣ тайи моҳҳои ахир таҳия шудааст. Дар навбати аввал, натиҷаҳои баланди чемпионатҳои қоравӣ ва мусобиқаҳои силсилаи Гран-при ба инобат гирифта шудаанд. Дар ҳар як вазн 30-70 нафарӣ шомил шудаанд.

Дар радабандии ҷаҳонӣ миёни тоҷикистониён дар гӯштини тарзи озод Ҷамшед Шарипов дар вазни 61 кг зинаи 32-юмро ишғол мекунад. Дар вазни 65 кг Абдулмаҷид Кудиев дар зинаи 13-ум қарор дорад.

Дар вазни 70 кг Мустафо Аҳмедов дар зинаи 17-ум, дар вазни 74 кг Виктор Рассадин – 28-ум ва дар вазни 79 кг Магомед Евлоев – дар зинаи 25-ум ҷой гирифтаанд.

Дар гӯштини тарзи юнонию румӣ дар вазни 60 кг Асламҷон Азизов дар зинаи 31-ум, дар взани 67 кг Фирӯз Мирзораҷабов – дар зинаи 41-ум ва дар вазни 87 кг Суҳроб Абдулҳаев – дар мақоми 56-ум қарор гирифтаанд.

Созмони ҷаҳонии гӯштин барои сегонаи беҳтарини радабандиҳо мукофотпулиҳо муқаррар намуда, маблағи умумии он 600 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ байни гӯштингирон дар се навъ ва 30 дараҷаи вазн тақсим карда мешавад.

Барои ҷойи якум дар ҳар кадоме аз вазнҳои радабандии UWW 10 ҳазор доллар, зинаи 2-юм – 7 ҳазор доллар ва зинаи 3-юм – 3 ҳазор доллар мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

Радабандиҳо ба баллҳои гирифта барои иштирок/зинаи ишғолнамуда дар чемпионати ҷаҳон, мусобиқаҳои қоравӣ, Бозиҳои Осиё, Бозиҳои панамрикоӣ ва чор чорабинии силсилаи радабандиҳо асос ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.