Дар Тоҷикистон чангу ғубор ва омадани сел пешгӯӣ мешавад

Дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хавфи омадани сел дар маҳалҳо боқӣ мемонад. Ҳамзамон дар ноҳияҳои ҷанбу ғарб ва марказӣ, баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳавои чангу ғуборолуд пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ҳодисаҳои омадани сел рӯзҳои 11-12 июл ва ҳавои чангу ғуборолуд […]

Дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хавфи омадани сел дар маҳалҳо боқӣ мемонад.

Ҳамзамон дар ноҳияҳои ҷанбу ғарб ва марказӣ, баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳавои чангу ғуборолуд пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳодисаҳои омадани сел рӯзҳои 11-12 июл ва ҳавои чангу ғуборолуд то 14 июл пешбинӣ шудааст. Ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

Кумита зарурати зуд-зуд бо латтаи намнок тоза кардани манзили истиқоматӣ ва дар ҳолати зарурӣ пӯшидани ниқобҳои тиббиро хотиррасон намуда,  ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор буда, саривақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти қисми навбатдории Кумита, шоми 10 июл дар қаламрави шаҳри Исфара борони пуршиддат ва жола борид. Дар натиҷа дар қаламрави ҷамоати Чоркӯҳ сел омад.

Заминҳои кишоварӣ, пули роҳҳои маҳаллаҳои Говсувор ва Чоркӯҳро об зер кард. Боришоти зиёд ба ҷамоати деҳоти Сурх, Кӯлканд ва Чилгазии Исфара низ хисорот ворид кардааст.  Талафоти ҷонӣ нест.

Гуфта мешавад, барои муайян намудани ҳаҷми азрари расида ва роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои офат Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр фаъолият дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.