Толибон як дипломати Эронро аз Афғонистон хориҷ карданд

Толибон* қарори ихроҷи як дипломати Эрон аз Афғонистонро содир карда, ба ӯ чанд соат вақт додаанд, ки кишварро тарк кунад. Онҳо гуфтаанд, ин посух ба ихроҷи як намояндаи онҳо аз Эрон аст. Дар ин бора “Afghanistan International” аз қавли манбаъҳои худ иттилоъ дода, гуфтааст, дипломати эронии хориҷшуда Алии Мувҷонӣ, мушовири намояндаи махсуси Эрон дар умури Афғонистон […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Толибон* қарори ихроҷи як дипломати Эрон аз Афғонистонро содир карда, ба ӯ чанд соат вақт додаанд, ки кишварро тарк кунад. Онҳо гуфтаанд, ин посух ба ихроҷи як намояндаи онҳо аз Эрон аст.

Дар ин бора “Afghanistan International” аз қавли манбаъҳои худ иттилоъ дода, гуфтааст, дипломати эронии хориҷшуда Алии Мувҷонӣ, мушовири намояндаи махсуси Эрон дар умури Афғонистон буд. Толибон ӯро “барои ҳаракатҳои ғайридипломатӣ” муттаҳам кардаанд.

Толибон мушаххасан нагуфтаанд, ки ин дипломати эронӣ чӣ ҳаракати ғайридипломатӣ кардааст, аммо баъзе расонаҳо навиштаанд, ки ихроҷи ӯ ба бидуни иҷоза ба намози Иди Қурбон рафтанаш дар Қандаҳор рабт дорад.

Худи Алии Мувҷонӣ қаблан дар саҳифаи “Х” (собиқ Твиттер)-и худ навишта буд, ки ба дархости расмии ӯ аз Вазорати хориҷаи Толибон барои иштирокаш дар намози Иди Қурбон дар Қандаҳор посух надодаанд.

Баъди ин дипломати эронӣ ба маҳалли баргузории намози Ид дар Қандаҳор, ки гуфта мешуд, Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари Толибон дар он имоматӣ мекунад, меравад. Ӯ гуфтааст, ки Толибон ӯро беш аз як соат интизор нигоҳ дошта, дар охир ба идгоҳ роҳ надодаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки моҳи гузашта Эрон як намояндаи Толибон дар шаҳри Машҳадро ихроҷ кард. Мақомоти Эрон аз ин намояндаи Толибон Салим ном бурда, гуфтанд, ӯ ба далели шиканҷаи шаҳрванди Эрон шахси мамнуъулвуруд шуд ва аз хоки Эрон ихроҷ гардид.

Бояд гуфт, то ин замон робитаи Толибон бо давлати Эрон дар умум, хуб арзёбӣ мешуд. Ҳарчанд миёни низомиёни Эрон ва ҷанговарони Толибон дар сарҳад чанд задухӯрд рух дод, аммо Сафорат ва Консулгарии Афғонистон дар Эрон ба намояндагони ин гурӯҳ супорида шудааст.

Ҳамчунин, роҳбарияти гурӯҳи Толибон дар маросими видоъ бо раиси ҷумҳури пешини Эрон Сайидиброҳими Раисӣ ширкат карданд.

Аммо пас аз раиси ҷумҳур интихоб гардидани Масъуд Пизишкиён дар Эрон ҳанӯз маълум нест, ки равобит бо Толибон чӣ гуна хоҳад шуд. Толибон баъди анҷоми интихобот дар Эрон бидуни ном бурдан аз Масъуд Пизишкиён “интихоби ҳукумати ҷадид дар Эрон”-ро ба мардуми ин кишвар табрик гуфт.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.