Имрӯз дар Париж Бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад

Имрӯз, 26-уми июл, дар Париж бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ оғоз мешавад ва он то 11-уми август баргузор мегардад. Ин бори сеюм аст, ки Париж мизбони бозиҳои тобистонаи олимпӣ мешавад. Солҳои 1900 ва 1924 низ мусобиқаҳои олимпӣ дар Париж баргузор гардида буд ва ҳамакнун, пас аз расо 100 сол ин шаҳр бори дигар мизбони бузургтарин бозиҳои […]

Умеда Давлатова, Asia-Plus

Имрӯз, 26-уми июл, дар Париж бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ оғоз мешавад ва он то 11-уми август баргузор мегардад.

Ин бори сеюм аст, ки Париж мизбони бозиҳои тобистонаи олимпӣ мешавад. Солҳои 1900 ва 1924 низ мусобиқаҳои олимпӣ дар Париж баргузор гардида буд ва ҳамакнун, пас аз расо 100 сол ин шаҳр бори дигар мизбони бузургтарин бозиҳои варзишӣ хоҳад буд.

Дар деҳаи олимпӣ ба сурати умум ҳудуди 14,5 нафар, аз ҷумла 9 ҳазор нафар варзишгарон  зиндагӣ хоҳанд кард.

Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ-2024 дар дарёи машҳури Фаронса – Сена баргузор мешавад. Яъне бори нахуст дар таърихи бозиҳо ин маросим на дар майдони варзишгоҳ, балки дар пасманзари ёдгориҳои машҳури Париж доир мегардад. Пойтахти.

Ҳайатҳои варзишгарони кишварҳо дар қаиқҳо масофаи 6-километраи обгузарро шино мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 14 нафар намояндагӣ мекунанд. 11 нафар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои интихобӣ роҳхат дарёфт намуда, боз 3 варзишгари дигар аз рӯи квотаҳо иштирок мекунанд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи  22 июл ҳайати олимпичиёни кишвар ба 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 сафарбар гардид. 12 узви мунтахаби олимпӣ аллакай дар Париж қарор дошта, 2 нафари дигар рӯзи 31 июл ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.

Дар суратгузориши зерин, Парижи омода ба баргузории Бозиҳои олимпӣ инъикос ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио