Дар семоҳаи аввали соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 52 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агенти омори ҷумҳурӣ.
Дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли 2021 (ҳудуди 13 млн доллар) ин миқдор 4 баробар зиёд аст.
Дар семоҳаи аввали имсол кумаки башардӯстона бо вазни умумии 4,9 тонна аз 44 кишвар ба Тоҷикистон ворид шуда, дар ҳамин давраи соли гузашта он дар ҳаҷми 4,1 тонна аз 39 кишвар фиристода шуда буд.
Дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи давоми моҳҳои январ-марти имсол ба Тоҷикистон воридшуда ҳудуди 40%-аш ба ИМА ва 37-аш ба Чин рост меояд. Арзиши кумаки расида аз ИМА зиёда аз 20 млн доллар ва аз Чин – наздики 19 млн долларро ташкил медиҳад.
Байни кишварҳои мададрасон аз рӯи арзиши кумак инчунин Ҷопон (7,2% аз ҳаҷми умумии арзиш), Ҳиндустон (4,8%), Ӯзбекистон (2,7%), Русия (2,1%), Дания (1,7%), Туркия (1%) ҳиссаи нисбатан зиёд доранд. Ҳиссаи боқимонда 36 кишвари мададрасон ба камтар аз 1% баробар аст.