Дар Олимпиадаи шоҳмот мунтахаби мардони Тоҷикистон Португалияро мағлуб кард

Date:

Дар даври 6-уми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Будапешт мунтахаби мардони Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 тими мунтахаби Португалияро мағлуб кард.

Дар даври дигар мунтахаби мардони шоҳмотбозони Тоҷикистон бо дастаи Бразилия бозӣ мекунад.

Пас аз 6 давр мунтахаби мардони Тоҷикистон 6 имтиёз касб карда, миёни 197 кишвари иштирокчии Олимпиада дар зинаи 33-юм қарор дорад. Дар сегонаи аввали пешсафон тимҳои Ҳиндустон, Ветнам ва Чин ҷойгир шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мунатахаби занони шоҳмоти Тоҷикистон

Мунтахаби занони шоҳмотбози Тоҷикистон бо ҳисоби 2,5:1,5 бар дастаи Финландия дастболо шуд.

Пас аз 6 давр мунтахаби занони Тоҷикистон дар байни 183 дастаи иштирокчии Олимпиада дар зинаи 49-ум қарор дорад. Ҳарифи навбатии мунтахаби занони Тоҷикистон тими Словакия аст.

Ба гуфтаи котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов, шоҳмотбозони тоҷик бори нахуст ба чунин натиҷаҳои баланд дар олимпиада ноил гардида истодаанд.

“Шоҳмотбозони мо имкони хуб доранд, ки меъёри унвонҳои байнулмилалиро иҷро кунанд. Умедворем, ки ҳамааш хуб мешавад. То Олимпиада гроссмейстери байнулмилалӣ Евгений Владимиров аз Қазоқистон се маротиба дар реҷаи онлайн бо тими Тоҷикистон семинар гузаронид. Ҳамчунин гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов низ бо дастаҳо машғулият барпо кардд. Ба туфайли талошҳои капитани даста Ҷамшед Исоев ва роҳбари ҳайат Хуршед Ватанов муҳити мусоиди рақобату истироҳат фароҳам оварда шуда, он натиҷаи хуб медиҳад”, – зикр кард Илҳом Юнусов.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...