Се сол ҳамзистӣ. Дар Русия шартҳои дарёфти ВНЖ зимни издивоҷ сангинтар шуд

Думаи давлатӣ рӯзи сешанбе тағйирот дар бораи то се сол тамдид кардани ҳамзистӣ зимни ақди никоҳ бастан бо шаҳрванди Русияро барои дарёфти Иҷоза барои иқомати муваққатӣ (РВП) дар Русия қабул кард. Дар ин бора Интерфакс хабар медиҳад. Муаллифни тағйирот раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва раиси Кумита оид ба умури ИДМ Леонид Калашников зикр шудаанд. […]

Asia-Plus

Думаи давлатӣ рӯзи сешанбе тағйирот дар бораи то се сол тамдид кардани ҳамзистӣ зимни ақди никоҳ бастан бо шаҳрванди Русияро барои дарёфти Иҷоза барои иқомати муваққатӣ (РВП) дар Русия қабул кард. Дар ин бора Интерфакс хабар медиҳад.

Муаллифни тағйирот раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва раиси Кумита оид ба умури ИДМ Леонид Калашников зикр шудаанд.

“Думаи давлатӣ зина ба зина мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи муҳоҷиратро бартараф мекунад», — гуфтааст Володин ба хабарнигорон қаблан ҳангоми шарҳ додани тағйирот.

Ӯ зикр кардааст, ки дар варианти аввали лоиҳаи қонун пешбинӣ шуда буд, ки ба шаҳрванди хориҷӣ пас аз ду соли издивоҷ бо шаҳрванди Русия ба таври соддашуда Иҷозаи иқомати муваққатӣ дода шавад.

Дар ҷараёни баррасии ин лоиҳаи қонун (474730-8) дар қироати дуюм рӯзи сешанбе ҳамчунин тағйироти дуюм тасдиқ шуд, ки ба муқобили падарии қалбакӣ равона шудааст.

«Пешниҳод шудааст, ки барои гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) баъд аз фарзандхонии шаҳрванди Русия бидуни бастани ақди никоҳ, ин кор танҳо пас аз се соли зиндагии муштарак ё пешбурди хоҷагӣ имконпазир хоҳад шуд», — гуфтааст раиси Думаи Давлатӣ, ки муаллифи ин тағйирот мебошад.

Ӯ бар ин назар аст, ки пас аз ворид намудани ин тағйирот, “бастани ақди никоҳи қалбакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ барои тезтар гирифтани шаҳрвандии Русия бефоида хоҳад буд”.

Володин бо истинод ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ додааст, ки аз соли 2021 то имрӯз бо мақсади гирифтани мақоми муҳоҷират 4300 ақди никоҳ баста шудааст.

Илова бар ин, Думаи Давлатӣ дар қироати аввал лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ҷазоро барои ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ шадидтар мекунад.

Мувофиқи қоидаҳои нав, амволу чизҳои арзишманде, ки дар натиҷаи ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, метавонанд мусодира карда шаванд.

Володин дар охири моҳи сентябр изҳор дошта буд, ки дар ҷаласаи тирамоҳӣ Думаи Давлатӣ ният дорад панҷ қонунеро қабул кунад, ки сиёсати муҳоҷиратиро шадидтар мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.