Дар Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия ба кор оғоз мекунад.
Дар кори форум роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.
Мувофиқи барнома, дар ҷараёни ҷаласаҳои соҳавӣ масоили ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургияи Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.
Форум аз 5 иҷлосия иборат буда, дар доираи онҳо ба масоили муҳими саҳми геология дар рушди иқтисод, вижагиҳои геологӣ ва канданиҳои фоиданок, инчунин мунтазам тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос ҳамчун асоси рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургияи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.
Зиёда аз 200 роҳбарони ширкатҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташаббускорони лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ширкатҳои таҳиягар ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоту технологияҳо барои корхонаҳо ва сармоягузорони байнулмилалӣ технологияҳои пешрафтаро дар самти таҳия ва коркарди маъдан ва роҳҳои ҳалли навро барои истихроҷи кӯҳӣ пешниҳод мекунанд.
Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар мусоҳиба ба АМИТ “Ховар” изҳор доштааст, ки Тоҷикистон заминаи хуби минералӣ ва ашёи хом дорад, ки барои таъмини рушди соҳа ба муддатҳои тӯлонӣ кофист.
Дар ҷумҳурӣ барои азхудкунии канданиҳои фоиданок, фулузот (металлҳо)-и нодир ва қиматбаҳо 800 кон ошкор ва қисман омода шудааст. Дар конҳои коркардшудаи Тоҷикистон зиёда аз 50 навъи ашёи минералӣ истифода мешавад.
Аз рӯи натиҷаҳои форум имзои шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ дар назар аст, ки ба ҷалби сармоягузории мустақим ба саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Яке аз самтҳои калидии кори форум – муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва металлургия дар Тоҷикистон аст.
Миёни онҳо нисбатан бузургашон – истихроҷи канданиҳои фоиданок дар кони Шоҳқадамбулоқ дар вилояти Суғд, таъмиру навсозии Комбинати маъданҳои кӯҳии “Адрасмон”, истихроҷ ва коркарди ангишт дар кони “Шӯроб”, сохтмони Комбинати маъданҳоли кӯҳӣ дар кони сурмаи Пиндар, таъмиру навсозии истеҳсоли алюминий дар ТАЛКО ва ғайра маҳсуб меёбанд.


