“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд

Дар вилояти Хатлон беш аз 3 тонна дору ва маҳсулоти тиббиву беҳдоштиро, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, сӯзонда, нобуд кардаанд. Арзиши онҳо наздики 250 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад. Дар ин бора Шайхаҳтам Саъдуллозода, сардори Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба "Азия-Плюс" хабар дода, […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар вилояти Хатлон беш аз 3 тонна дору ва маҳсулоти тиббиву беҳдоштиро, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, сӯзонда, нобуд кардаанд. Арзиши онҳо наздики 250 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Дар ин бора Шайхаҳтам Саъдуллозода, сардори Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфт, як қисм аз ин дору ва маҳсулотро ширкатҳои дорусозӣ ва марказҳои дармонӣ барои нобуд кардан ба раёсат оварда супоридаанд.

Қисми дигарро мутахассисони ин ниҳод ҳангоми санҷиши дорухонаҳо, ширкатҳои дорусозӣ ва муассисаҳои табобатӣ дарёфт ва аз муомилот гирифтаанд.

Ба гуфти манбаъ, дар маҷмуъ 3 тоннаю 331,2 кг дору ва маҳсулоти тиббиву дармонӣ, ҳамчунин, ороишиӣ бо арзиши 247 ҳазору 843,6 сомонӣ сӯзонда ва нобуд карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ду соли пеш бо қабули қонун дар бораи  дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтиро пазируфта, назоратро аз болои дору ва маҳсулоти тиббиву беҳдоштӣ пурзӯр кард.

Он замон таъкид мегардид, ки қонуни нав ба рушди истеҳсоли доруҳои ватанӣ, беҳтар намудани назорати сифат ва гузаронидани экспертизаи дору, таъмини аҳолӣ бо доруҳои босифат, пурзур намудани ҷазо ё ҷуброни зарар ба соломатии аҳолӣ дар натиҷаи истеъмоли дору ва ғайра равона шудааст.

Аммо новобаста ба ин, ҳоло низ аз ҷониби сокинон дар мавриди сифати пасти доруҳо ва фурӯши маҳсулоти муҳлаташ гузашта шикоятҳо ворид мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.