“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард

Вазорати энергетика ва захираҳои об пас аз нашри хабари “Азия-Плюс” дар бораи гарон ва камчин шудани гази моеъ дар кишвар, сабаби қимат шудани ин навъи сӯзишвориро гуфт, вале камчин шудани онро рад кард. Ширкати “Газпром нефт – Тоҷикистон” бошад, норасоии гази моеъро тасдиқ кард. Қазоқистон бо далели афзоиши талабот содироти гази моеъро ба хориҷа боз […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Вазорати энергетика ва захираҳои об пас аз нашри хабари “Азия-Плюс” дар бораи гарон ва камчин шудани гази моеъ дар кишвар, сабаби қимат шудани ин навъи сӯзишвориро гуфт, вале камчин шудани онро рад кард. Ширкати “Газпром нефт – Тоҷикистон” бошад, норасоии гази моеъро тасдиқ кард. Қазоқистон бо далели афзоиши талабот содироти гази моеъро ба хориҷа боз шаш моҳи дигар манъ кардааст.

 

“Дар Қазоқистон нархи гази моеъ гарон шуд”

Маҳмуд Баҳром, сардори котиботи Вазорати энергетика ва захираҳои об рӯзи 22-юми ноябр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ дар кишварҳои истеҳсолкунанда нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст.

“Нархи 1 тонна гази моеъ, масалан дар Қазоқистон, тайи чанд рӯзи охир аз 470 доллар ба 550 доллар боло рафт ва маҳз барои ҳамин нархи ин навъи сӯзишворӣ дар кишвари мо ҳам боло шуд”, – шарҳ дод Маҳмуд Баҳром.

Ин масъули вазорат камчин шудани гази моеъ дар кишварро рад карда, гуфт, “гурӯҳи корӣ ду рӯз нуқтаҳои асосии фурӯши сӯзишвории пойтахтро аз назорат гузарониданд, қариб дар аксар нуқтаҳо гази моеъ пайдо шуд”.

Ба гуфтаи ӯ, “воридкунандаи асосии гази моеъ дар шаҳри Душанбе ҶДММ “Аллат” ва “Ориё” буда, дар ин ширкатҳо ҳеч гуна маҳдудият ва камчинии гази моеъ ба назар намерасад”.

Дар ҶДММ “Ориё” ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки гази моеъ ҳаст ва мо нархи он барои як литр 8,2 сомонӣ мебошад. Сабаби гарон шудани гази моеъро ба боло рафтани нархи он дар Қазоқистон рабт доданд.

Дар ҶДММ “Аллат” ҳам зикр карданд, ки маҳдудияте дар фурӯши гази моеъ нест ва нархи 1 литри он 8,1 сомонӣ аст.

 

“Газпром нефт – Тоҷикистон”:  норасоии муваққатии гази моеъ вуҷуд дорад

Ин шарҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинон ва ронандагон аз гаронӣ ва камчинии гази моеъ, махсусан дар ширкати “Газпром нефт – Тоҷикистон” нигаронӣ доранд. Ин ширкат гази моеъро аз Русия ба Тоҷикистон ворид мекунад.

Ширкати “Газпром нефт – Тоҷикистон” дар посухи катбӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “дар бархе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон муваққатан норасоии гази моеъ вуҷуд дорад”.

Аз ин ширкат гуфтанд, “барои бо захираҳои зарурӣ таъмин кардани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ тамоми чораҳоро дида истодаем”.

Ҳамзамон, як манбаъ аз ширкати “Газпром нефт – Тоҷикистон” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки воқеан нархи гази моеъ дар Қазоқистон гарон шудааст ва тасдиқ кард, ки “бо ин сабаб ба Тоҷикистон гази моеъ камтар воридот шуда, гарону камчин шудааст”.

 

Қазоқистон содироти газро манъ кард, вале нарх иваз нашудааст

Ба иттилои расонаҳо, вазири энергетикаи Қазоқистон рӯзи 8-уми ноябр фармон “Дар бораи баъзе масъалаҳои интиқоли гази моеъ”-ро ба имзо расонд, ки дар асоси он содироти ин навъи сӯзишворӣ то моҳи майи соли 2025 манъ гардид.

Ин маҳдудият ба далели камбуди сӯзишворӣ дар Қазоқистон ҷорӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин кишвар талабот ба гази моеъ тайи як соли охир 14 фоиз афзудаааст.

Аммо манъи содироти гази моеъ ба Созишномаи тақсими маҳсулот (шартномаи тиҷоратӣ байни сармоягузорон ва ҳукуматҳо) ё лоиҳаҳои аз ҷониби роҳбари давлатҳо тасдиқшуда татбиқ намешаванд. Ҳамчунин, расонаҳои қазоқӣ аз гарон шудани нархи гази моеъ иттилое надодаанд.

Бояд гуфт, ки маҳдудият ба содироти гази моеъ дар Қазоқистон аз соли 2017 то соли 2020 ҷорӣ шуд ва баъди он, барои ҳар шаш моҳ тамдид мешавад. Дар ин баробар, ширкатҳо дар асоси шартномаи ҷонибайн ва ҳукуматҳо аз ин кишвар гази моеъ берун меоранд.

Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли равон кишвари мо беш аз 94 фоиз гази моеъро аз Қазоқистон ворид кардааст.

Бояд гуфт, тайи даҳ рӯзи охир нархи гази моеъ дар кишвар қариб 1,5 сомонӣ гарон шудааст. Ин навъи сӯзишворӣ даҳ рӯзи пеш 6,8 сомонӣ буд, имрӯз то 8,2 сомонӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2018 бо қарори ҳукумати кишвар гази моеъ ба рӯйхати молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дохил карда шудааст. Дар ин рӯйхат 18 маҳсулоти дигар низ мавҷуданд. Ин тасмим ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳақ дод, ки дар сурати ғайриқонунӣ боло рафтани нархи гази моеъ дар давоми як моҳ, яъне то 20 дарсад боло рафтани нархи он, барои муътадил кардани нарх дахолат кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.