Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард

Дар доираи сафари кории сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон ҳудуди 20 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аксарияти онҳо ба соҳаи маориф мансубанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд. Дар доираи сафар сарвазири ҷумҳурӣ аз ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб боздид намуд. Дар ноҳияи […]

Дар доираи сафари кории сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон ҳудуди 20 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аксарияти онҳо ба соҳаи маориф мансубанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.

Дар доираи сафар сарвазири ҷумҳурӣ аз ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб боздид намуд.

Дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки сарвазир биноҳои таълимии иловагӣ дар мактабҳои деҳоти Фалхобод ва Чилчаҳ, инчунин бинои шуъбаи маорифи ноҳия ба истифода дода шуданд.

Ғайр аз ин, кӯдакистон бо шароити муосир ва бинои сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна бору маҳсулот боз шуд.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Темурмалик бо рафти корҳои сохтмон ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд. Ба шахсони масъул ҷиҳати тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва истифодаи самараноки масолеҳи сохтмон дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар деҳаи Ҳулбуки ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар ноҳияи Восеъ бини иловагии мактаби №4 боз шуд. Бино аз 10 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муҷассамаи шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Шамсиддини Шоҳин қомат афрохт. Ғайр аз ин, дар ин ҷо гулгашти муосир боз шуд, ки акнун барои сокинони маҳаллӣ минтақаи нави фароғату истироҳат хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар ин ҷо биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла Маркази ҷавонон ва бинои шуъбаи маорифи ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар шаҳри Кӯлоб бо ҳузури сарвазир бинои мактаби №41 боз шуд. Дар ин ҷо ба сарвазир лоиҳаи рақамисозии соҳаи маориф, ки то соли 2040 амалӣ мегардад, муаррифӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.