Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд

Намояндагони Тоҷикистон ва Малдив рӯзи 26-уми ноябр созишномаи  бекор кардани талаботи раводидро барои шаҳрвандони ҳарду тараф имзо карданд. Маросими имзои Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Малдив оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шудааст. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, санади мазкурро Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи […]

Намояндагони Тоҷикистон ва Малдив рӯзи 26-уми ноябр созишномаи  бекор кардани талаботи раводидро барои шаҳрвандони ҳарду тараф имзо карданд. Маросими имзои Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Малдив оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шудааст. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, санади мазкурро Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва Созмон Али Насир Муҳаммад, намояндаи доимии Малдив дар ин созмон, имзо карданд.

Гуфта мешавад, ки дар асоси созишномаи баимзорасида, шаҳрвандони ҳар ду кишвар аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан бубудош дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз озод мебошанд.

“Ин созишнома ба муҳлати номуайн баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ, тариқи роҳҳои дипломатӣ, аз ҷониби тарафҳо оид ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин Созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад”, – менависад ВКХ.

 

Бояд гуфт, ки Малдив кишвари иборат аз 1 ҳазору 196 ҷазира аст, ки дар қисме аз онҳо одамон зиндагӣ намекунанд. Ягона фурудгоҳи қабули парвозҳои байналмилалӣ дар ҷазираи Ҳулуле, 2 км дуртар аз шаҳри Мале ҷойгир мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.