“Равшан” дар охирин бозии худ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 пирӯзӣ ба даст овард, аммо…

Date:

Дар доираи даври охирини марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, дар гурӯҳи “А” дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ба масофи “Ал-Вақра”-и Қатар рафт. Рақобати дастаҳо шоми дирӯз, 4-уми декабр дар Қатар баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 2 ба фоидаи “Равшан” поён ёфт.

Ду голи “Равшан”-ро Азизбек Ҳаитов ва Амирҷон Сафаров ба ҳадаф расонданд. Баъди ин пирӯзӣ футболбозони шаҳри Кӯлоб соҳиби се имтиёз шуданд, аммо роҳхати марҳилаи баъдиро ба даст оварда натавонистанд. Зеро “Равшан” пас аз нокомӣ бо ҳисоби бузурги 0 бар 7 аз “Трактор”-и Эрон дар даври гузаштаи марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст дода буд.

Ҳамин тавр, аз гурӯҳи “А” дастаи “Трактор” бо 10 хол ва “Ал-Вақра” бо 4 имтиёз ҷойҳои якум ва дуюмро соҳиб шуда, ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд. Дастаи “Равшан” бо доштани 3 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт ва ин мавсими мусобиқот барояш анҷом ёфт.

Ёдрас мешавем, ки “Равшан” дар бозии якуми худ дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё бо “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон бозиро 0:0 мусовӣ карда, як имтиёз ба даст оварда буд. Аммо баъдан имтиёзи “Равшан” бекор шуд, зеро бошгоҳи футболи “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон аз парвоз ба Эрон барои бозӣ бо “Трактор” худдорӣ кард ва аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё хориҷ карда шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Қобили зикр аст, ки як рӯз пеш аз “Равшан” дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҳам охирин бозии худро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 анҷом дод. Ин даста 3-юми декабр, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими “Сипоҳон”-и Эрон рақобат кард ва бо натиҷаи 0 бар 2 бозиро бохт.

Ҳамин тариқ, ин мавсими Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 барои “Истиқлол” поён ёфт ва ба гуфтаи коршиносон, бадтарин натиҷа дар таърихи иштироки даста дар мусобиқаҳои сатҳи Осиё будааст. Қаҳрамони футболи кишвар дар шаш бозии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа танҳо як гол зада, ҳеҷ имтиёзе ба даст оварда натавонист.

Ҳамакнун, бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ рақибон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.

Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб  тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд. Ду дастаи Тоҷикистон сарфи назар аз роҳхат нагирифтан ба марҳилаҳои финалӣ, барои иштирок дар даври гурӯҳии мусобиқа 300 ҳазор долларӣ ба даст меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...