Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?

Date:

Калеб Одурои африқоӣ муррабии футбол аст. Ӯ солҳост, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва барои наврасони тоҷик ин навъи варзишро тамрин медиҳад. Ҳоло беш аз 30 шогирд дорад. Дар гузашта худаш низ дар чанд тими Тоҷикистон бозӣ кардааст. 

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон Калебро аз рӯи наворе шинохтанд, ки шогирдонашро замони бозии футбол бо забони буррои тоҷикӣ сарзаниш мекард, ки хуб бозӣ кунанд. Ин навор дар муддати кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ба мардум писанд омад.

Ҷолиб ин буд, ки як мурабии ҷавони африқоӣ чун муррабиёни дигар бо забони англисӣ ва русӣ не, балки бо тоҷикӣ суҳбат мекард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери навораш ӯро аҳсану офарин гуфтанд. 

МЕДИА (YOUTUBE)

"Ман ба хотире бо тоҷикӣ гап мезанам, ки футболбозон маро ҳис кунанд. Онҳое, ки бо русӣ ё бо тарҷума гап мезананд футболбоз тренерро намебинад ё ӯро ҳамчун одами севвум қабул мекунад"​​​​​,- мегӯяд Калеб Одуро.

Калеб Одуро соли 2018 ба Тоҷикистон омад ва дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекард. Бо як тоҷикдухтар шинос шуд ва оила барпо кард. Ҳоло як фарзанд доранд. Мегӯяд дар омӯхтани забони тоҷикӣ ҳамсараш барояш кумак кардааст. Ӯ гуфт ман фарзандамро тоҷик меҳисобам, чунки дар Тоҷикистон таваллуд шудааст ва модараш тоҷик аст. 

Калеб мегӯяд, то имрӯз шогирдони зиёде дар риштаи футбол тарбият кардааст. Умед дорад шогирдони тарбияткардааш дар оянда номбардори Тоҷикистон мешаванд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...