Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард

Имрӯз, 20-уми декабр дар Душанбе Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) анҷумани навбатии Х1Х-уми худро баргузор намуда, 5 аъзои худро ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии соли 2025 пешниҳод кард. Раиси ҲДТ ҳамчунин, аз “ба гурӯҳҳо тақсим шудани ҳизб” нигаронӣ кард. Дар анҷуман, фаъолияти ҳизб пас аз интихоби раиси нав баррасӣ гардида, ин номзадҳо ба вакилӣ пешниҳод […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 20-уми декабр дар Душанбе Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) анҷумани навбатии Х1Х-уми худро баргузор намуда, 5 аъзои худро ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии соли 2025 пешниҳод кард. Раиси ҲДТ ҳамчунин, аз “ба гурӯҳҳо тақсим шудани ҳизб” нигаронӣ кард.

Дар анҷуман, фаъолияти ҳизб пас аз интихоби раиси нав баррасӣ гардида, ин номзадҳо ба вакилӣ пешниҳод шуданд:

Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ;

– Солеҳов Фатҳудддин, раиси ҲДТ дар Душанбе;

– Зуҳро Мирзоева, муовини раиси ҲДТ;

– Ҷаббор Юлдошев, раиси ҲДТ дар Суғд;

– Илёсиддин Саидҷаҳфаров, раиси ҲДТ дар минтақаи Рашт.

Шаҳбози Аброр зимни суханрониаш гуфт, “марҳалаи ба гурӯҳҳо тақсим шудани ҳизб ва парокандагӣ дар сафҳои он метавонист ҲДТ-ро чун як сохтори сиёсӣ аз саҳнаи сиёсии кишвар берун кунад”.

“Вале бархе аз нерӯҳои нав, ки дар дохили ҳизб пайдо шуда буд, дар ҳамроҳӣ бо собиқадорони асил ва аъзои фаъол тавонистанд бо ташкил ва зинда гардондани сохторҳои роҳбарикунанда мавҷудияти ҳизбро ҳифз кунанд”, – таъкид кард раиси кунунии ҳизб.

Нигаронии раиси нави ҲДТ аз ба гурӯҳҳои тақсим шудани ҳизб дар ҳолест, ки ин ин созмони сиёсӣ дар моҳи майи соли равон шоҳиди як тағйироти ҷиддии дохилӣ шуд. Гурӯҳе худро ҳамчун узви ҲДТ эълон карда, Саидҷаъфар Усмонзода роҳбари он ва вакили парлумонро барканор ва Шаҳбози Аброр, рӯзноманигори ҷавонро раис интихоб карданд.

Саидҷаъфар Усмонзода ин тағйиротро ғайриқонунӣ хонда, ба Вазорати адлия барои ҳалли масъала муроҷиат карда буд. Вале ин ниҳод номзадии Шаҳбози Аброрро ҳамчун раиси ҲДТ тасдиқ кард.

Баъди чанд рӯз Саидҷаъфар Усмонзода, ки ҳамчунин вакили парлумон аз ҲДТ буд, аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон барои талоши табаддулот ва ғасби қудрат боздошт гардид. Баъдан Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини аввали ӯ дар ҳизб ва чанде аз дигар чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ низ дастгир шуданд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ба ғайр аз ҲДТ, инчунин ҲХДТ номи 28 номзади худ барои ширкат дар интихоботро эълон кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио