Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад

Date:

Промоушени Open FC беҳтарин размикори соли 2024-ро интихоб мекунад. Ин Лига овоздиҳиро оғоз намуда, номзадҳоро эълон кард, ки дар байни онҳо размикори тоҷик Муҳибшоҳ Гулобов низ ҳаст. Натиҷаҳо пас аз 3 январи соли 2025 маълум мешаванд.

Моҳи октябри соли 2024 қаҳрамони муваққатии лигаи Open FC дар вазни миёнаи сабук Муҳибшоҳ Гулобов дар қувваозмоии асосии мусобиқаи Open FC 47 дар Санкт-Петербург бо Никита Подковалников рақобат кард.

Ин қувваозмоӣ тамоми вақти ҷудошуда ҷараён гирифта, бо қарори якдилонаи доварон ба фоидаи Гулобов анҷом ёфт. Ҳоло Гулобов 8 пирӯзӣ ва 2 бохт дорад. Дар ҳисоби Подковалников 12 пирӯзӣ ва 6 бохт қайд шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи май лигаи Open FC дар Самара мусобиқаеро баргузор намуд, ки дар он барои дарёфти камарбанди қаҳрамони муваққатӣ дар вазни миёнаи сабук рақобат сурат гирифт. Дар ин рақобат Муҳибшоҳ Гулобов (Тоҷикистон) бо Амин Гасимов (Озарбойҷон) қувва озмуданд. Размикори тоҷик Гасимовро дар сонияҳои аввал мағлуб кард.

Айни замон Гулобов дар силсилаи панҷ пирӯзии пайдарпай қарор дорад. Бо вуҷуди ин, наметавон гуфт, ки ӯ дар рақобатҳо пеш аз муҳлат ғолиб меояд, зеро пирӯзиҳое, ки тавассути қарорҳои доварон ба даст омадаанд, бештар мебошанд.

Размикори тоҷик Муҳибшоҳ Гулобов дар соли 2022 ба муҳорибаҳои касбӣ оғоз намудааст. Ӯ дар мусобиқаҳои промоушени FNG, Open Fighting Championship ва Octagon иштирок кардааст. Дар рақобатҳо бо ҳарифони маъруф, аз ҷумла Раджаб Касумбеков, Отабек Токсиров ва Жансерик Жаксыгулулы қуввваозмоӣ кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...